11 июли соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзода, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарзӣ ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, зикр дошт, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ корҳо дар самти устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Дар шаш моҳи соли 2023 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 54,2 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 дарсадро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 10 дарсади солона паст карда шуд.
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва афзун намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9 дарсад паст мебошад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ваколатдор тадбирҳои заруриро меандешанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ ҷиҳати гузарондани пардохтҳои саривақтӣ ҳисоббаробаркуниҳои бехатарро таъмин мекунад.
Дар доираи гузарондани ислоҳотҳои пайваста аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани фаъолияти низоми пардохтии нави “ВАТАН”, ки ба шахсони воқеӣ имконияти интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ фароҳам меоварад, аз ҷумлаи тадбирҳои андешида дар ин давра маҳсуб меёбад. Барои тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ дар дохили кишвар модули QR-рамзи ягона татбиқ шуда истодааст, ки ба мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро тариқи дилхоҳ ҳамёни электронӣ имконият медиҳад.
“Аллакай, ҳазорҳо амалиётҳои пардохтӣ тавассути модули номбурда бомуваффақият гузаронда шуда, ҳамроҳшавии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми мазкур идома дорад”, – зикр кард Ҳоким Холиқзода.
Дар ҷаласа роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мавзуъҳои вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, татбиқи сиёсати асъорӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ МПСҚО, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт ва муроҷиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо рӯнамоҳои муфассал баромад намуданд.
Ҳоким Холиқзода аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ (КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, КВД “Саноатсодиротбонк”, ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд", ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ва ҶСК “Алиф Бонк”) оид ба беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон, зиёд кардани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ ва шаффофияти фаъолият, иҷрои саривақтии талаботи дастурамалҳо ва дастурҳои БМТ дар самти амалиёти асъорӣ, баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ, иҷрои саривақтии стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешниҳоди қарзҳои дастрас ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, беҳтар сохтани нишондиҳандаҳои молиявӣ, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла ба бахшҳои истеҳсолӣ, бо дарназардошти идоракунии хавфҳо ва имкониятҳои ҷойдошта, посухҳои мушаххас гирифт.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, аз ҷониби низоми бонкии кишвар фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа сатҳи начандон баланди таваррум ва устувории қурби пули миллӣ нигоҳ дошта шуда, пасандозҳо дар низом зиёд гардиданд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби низоми бонкии кишвар, дар маҷмуъ, 9 миллиарду 276 миллион сомонӣ қарз пешниҳод шуда, нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад, вале иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани пешниҳоди қарзҳо ба мизоҷон, андешидани тадбирҳои иловагии судмандро дар ин самт талаб менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ба санаи ҳисоботӣ бақияи пасандозҳо қариб 17 миллиард сомониро ташкил намуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 дарсад ё 5,5 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст, ки аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои мусбати фаъолияти низоми бонкии кишвар мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба низоми бонкии кишвар 611 миллион доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, дар самти ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ, паст кардани фоизи қарзҳо, таъсиси ташкилотҳои қарзии нав, аз ҷумла зиёд намудани шумораи бонкҳо, васеъ сохтани хизматрасониҳои электронӣ, фаъолияти низоми бонкии кишвар ҳоло ҳам тақвият металабад.
Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид намуд, ки ҷиҳати татбиқи самараноку муваффақонаи сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат нақши фаъолияти низоми бонкӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ва маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати кишвар дар соли 2022 ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ҷиҳати устувор нигоҳ доштани вазъи иқтисодию молиявии мамлакатамон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, ба низоми бонкии кишвар ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ вусъат бахшида, чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дастрас ба соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва боз ҳам паст намудани фоизи қарзҳо, тадбирҳои судманд андешанд. Илова бар ин, барои зиёд кардани теъдоди ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонкҳои тиҷоратӣ ва афзудани теъдоди филиалу марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат, чораҳои иловагӣ андешида, оид ба сари вақт ва бечунучаро иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.
Вобаста ба татбиқи Фармони мазкур, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, мунтазам амалӣ созанд ва ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, идомаи ислоҳот баҳри гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” ва коҳиши фишорҳои қурбӣ дар доираи имкониятҳои худ чораҷӯйӣ намоянд.
Дар рафти ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 Ҳоким Холиқзода аз ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, аз 22 июни соли 2023, №586, ки барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш додани амалиётҳои нақдӣ ва кам намудани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад, тадбирҳои зарурӣ андешанд ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият диҳанд, инфрасохтори пардохти ғайринақдиро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст, бо роҳи афзудани шумораи воситаҳои электронии пардохтӣ, васеъ намудани шабакаи POS-терминалҳо, QR-рамзҳо, зиёд кардани теъдоди истифодабарандагони замимабарномаҳои мобилӣ, ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва ғайра тавсеа бахшанд.
Ҳамзамон, КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муваззаф шуд, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии мутақобиларо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии ҳама намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ таъмин созад.
Ҳоким Холиқзода дар фарҷом чунин иброз дошт: “Моро зарур аст, ки соли ҷориро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намоем ва дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллиамон саҳми босазо гузорем”.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”