19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шурои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Зимни суҳбат маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду кишварро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки иштироки ду кишвар дар нахустин нишасти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад бар нафъи давлатҳо хизмат расонад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.