(Ба ифтихори ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО)
Воқеан, миллати куҳанбунёди тоҷик тули таърихи беш аз ҳазорсолаи худ бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик шоир, файласуф, олим ва машҳуртарин суханвар дар адабиёти форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) мебошад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII такони бузурге ба адабиёт ворид кардааст. Саҳми эшон ҳамчун ориф ва адиб дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси сабъа” ва “Мактубот”-ро дар бар гирифта, ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин осори безаволи нобиғагони миллатро ҷамъоварӣ намуда, мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор диҳем ва муҳимтар аз ҳама, онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ бикунем.
Дар ин росто, нақши Осорхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории осори илмиву адабии бузургони миллати тоҷик хеле муҳим ва назаррас мебошад. Зеро як бахши муҳими фаъолияти Осорхонаро ҷамъоварӣ ва муаррифии мероси хаттии ниёгон ташкил медиҳад. Ҳоло дар коллексияи мероси хаттии Осорхонаи миллӣ нусхаҳои нодири дастнавис ва чопи сангии шоирону мутафаккирони барҷастаи миллат ба маъраз гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки як қисми муҳими коллексияи мероси хаттии Осорхонаи миллиро нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташкил медиҳад. Ин асар яке аз машҳуртарин асарҳое мебошад, ки эҷоди он аз соли 1259 оғоз гардида, дар 10 сол ба анҷом расидааст.
Яке аз нусхаҳои нодири дастнависи асари мазкур, ки имрӯз зинатдиҳандаи толорҳои Осорхонаи миллӣ буда, диққати садҳо нафар тамошобини ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб кардааст, ин дафтари сеюми “Маснавии маънавӣ” аст. Нусхаи дастнависи мазкур яке аз қаламиҳои нодири Осорхона маҳсуб меёбад, ки он дар рӯйи коғази хуқандии нафис бо хатти зебои настаълиқ дар андозаи 29х21 см навишта шудааст. Матни «Маснавии маънавӣ» дар чор сутун китобат шуда, шумораи сатрҳояш дар ҳар як саҳифа 17 хатро ташкил медиҳад. Ду баргаи аввал ва як баргаи охири нусха дар ҷонибҳои А ва Б бо нақшҳои гуногуни наботӣ хело моҳирона ороиш ёфтаанд. Нусха дар 25-уми моҳи раҷаби соли 1267 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 26-уми майи соли 1851-и мелодӣ дар шаҳри Бухоро китобат шудааст.
Чӣ гунае, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст яке аз муридон ва ихлосмандони Мавлоно Ҳусомуддини Чалабӣ мебошад, ки бо тавсияи ӯ “Маснавии маънавӣ” эҷод шудааст. Нусхаи мавриди назари мо низ (дафтари сеюм) бо чунин абёт шуруъ мегардад:
Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин биёр
Ин севум дафтар, ки суннат шуд се бор.
Баркушо ганҷинаи асрорро,
Дар савум дафтар биҳил аъзорро.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании ачдодӣ, таҷлили солгарди шахсиятҳои таърихӣ ва бузургони илму адаби кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин амали хайрро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии кишвар қарор додааст.
Аз ин рӯ, соли 2007 бо қарори ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардида, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон – собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Инчунин, ҳамасола 30 сентябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад.
Боиси фараҳмандист, ки 24-уми майи соли ҷорӣ бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти мутафаккир ва шоири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Хушбахтона, тавассути ин иқдом ашъор ва таълимоти Мавлоно, ки дар ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик ҷойгоҳи баланде дошт, имрӯз дар хотираи кулли инсоният низ мақоми шоистаи худро пайдо кард.
Алишер ЗАРИПОВ, сардори шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Осорхонаи миллӣ