(Дар ҳошияи мақолаи Маҳмуд Мирзоён: Варзиш. Соҳа ба ниҳоди алоҳида ниёз дорад, “Ҷумҳурият”, 24 январи соли 2023. № 22)
Дер боз чунин матлаби ҳалталабро, ки мушкилоти соҳаи варзишро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор додааст, нахонда будам. Ман аз муҳтавои ин мақола сад дарсад ҷонибдорӣ менамоям.
Мутаассифона, мушкилоти варзиши тоҷик сол ба сол зиёд мешавад. Солҳои охир аз рӯи натиҷаҳои варзишӣ аз кишварҳои ҳамсоя хеле қафо мемонем.
Ман итминони комил дорам, ки то соҳаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият нанамояд, мо пешрафти соҳаро интизор шуда наметавонем.
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алъон 90 фоизи кормандони соҳаи варзишро иқтисоддон, филолог, ҳуқуқшинос ва ё мутахассиси ғайри варзиш пеш мебаранд, ки онҳо нисбат ба соҳа маълумоти кофӣ надоранд. Бинобар ин, дар соҳа, бахусус дар варзишӣ касбӣ, натиҷаҳои назаррас ба чашм намерасанд.
Дар мақола коршиноси варзидаи соҳа Нарзулло Латипов бисёр мисолҳои мушаххас овардааст. Аз ҷумла, навиштааст: «Варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки наметавонанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст оранд. Илова ба ин, соли гузашта ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои чемпионати Осиё мушарраф нашуд».
Коршиноси соҳа дуруст зикр мекунад: «Пас аз пирӯзии варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ соли 1995 (Ҳётеборг, Шветсия) дигар касе аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст».
Итминон дорам, ки агар соҳаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият кунад, мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро пайдо карда, ба пешравиҳои назаррас хоҳем расид.
Маҳмуд АБДУЛЛОЕВ,
довари дараҷаи байналмилалӣ,
Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон