Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хушксолӣ таҳдид мекунад, ки боиси нарасидани оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, кам гардидани хӯроки чорво ва зироатҳои полизӣ, коҳиши ҳосилнокӣ ва камбуди неруи барқ мегардад. Аллакай, дар баъзе минтақаҳо боло рафтани нархи маҳсулот, аз ҷумла сабзавоти мавсимӣ, мушоҳида мешавад. Чунин омадааст дар як гузориши сомонаи Ia-centr.ru. Пас, метавон гуфт, ки агар ин тамоил идома ёбад, амнияти озуқавории минтақа зери хатар монда, дар оянда масъалаи об проблемаи аввалиндараҷа ва муайянкунандаи асосии муносибатҳо мегардад.
Мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ, махсусан солҳои охир, шадидтар гардид, ки ба хоҷагии қишлоқ таъсири манфӣ расонд. Баланд шудани нархи хӯрокворӣ на танҳо ба вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, балки ба амнияти озуқавории кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2021 хушксолӣ дар ғарби Қазоқистон ба иқтисоди вилояти Мангистау зарари калон расонд. Гармии ғайримуқаррарӣ Қирғизистонро низ фаро гирифт. Вилояти Чуй аз ҳама бештар хисорот дид, ки дар он заминҳои зиёди кишоварзӣ ҷойгир аст. Норасоии оби кишоварзӣ дар Ӯзбекистон боиси талафоти ҳосил ва боло рафтани нархи сабзавоти мавсимӣ шуд. Тобистони соли гузашта деҳқонони Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ аз камобии дарёҳо ва хушксолӣ шикоят доштанд.
ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА ВА БАҲСИ ЛАФЗИИ ЭРОНУ АФҒОНИСТОН БАР САРИ ОБ
Дар ин радиф, тавре огаҳӣ дорем, 27 майи соли равон дар марзи Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) ва Афғонистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он ду марзбони эронӣ ва як ҷангии ҳаракати “Толибон” (ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) ба ҳалокат расиданд. Дар пайи ин ҳодиса ҳукуматдорони ҶИЭ иброз намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз тарафҳо хостори чунин муноқишаҳо нестанд ва бояд аз чунин амал худдорӣ намуд.
Ҳанӯз 18 май Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ҳангоми боздид аз вилояти Систону Балуҷистон аз ҳаракати “Толибон” хост, ки ҷудо намудани ҳиссаи ба Эрон тааллуқдоштаи оби дарёи Ҳилмандро таъмин кунанд. Дарё аз кӯҳҳои Ҳиндукуш, ки дар ғарби Кобул қад кашидаанд, сарчашма мегирад.
Барои вилояти Систону Балуҷистон дарёи Ҳилманд манбаи асосии об аст. Солҳои 50-уми асри гузашта дар Афғонистон сарбанди Каҷаки сохта шуд. Соли 1973 пас аз баҳсҳои тулонӣ, Кобул ва Теҳрон дар асоси созишнома истифодаи оби дарёро танзим мекарданд. Аммо соли 2021, пас аз ба қудрат расидани ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон Эрон аз норасоии об шикоят кард. «Толибон» иддао доранд, ки сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолат камии об дар обанбор аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, тақозо кард, ки коршиносон ба обанбор рафта, вазъро бубинанд, аммо ҳаракати "Толибон" бо вуҷуди таҳдидҳои Иброҳим Раисӣ, ин хоҳишро рад намуд.
Тибқи гузориши ИРНА, моҳҳои охир муносибатҳои Эрону Афғонистон, бо сабаби ихтилоф дар тақсими оби дарё, сард шудааст. Ҷониби Эрон иддао дорад, ки «Толибон» бандҳои созишномаи соли 1973-ро иҷро намекунанд.
КАНАЛИ КОШТЕППА – ЛОИҲАИ БАҲСНОК
Чуноне хабар дорем, дар Афғонистон канали азими Коштеппа бо дарозии 285 километр ва паҳноии 100 метр бунёд мешавад. Дар назар аст, ки сохтмони он соли 2028 ба охир расад. Обро барои канал, асосан, аз Амударё мегиранд. Тибқи иттилои лоиҳакаш, Коштеппа заминҳои вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёбро шодоб мекунад. Арзиши лоиҳа 684 миллион доллари ИМА буда, дар бунёди он 6,5 ҳазор нафар сафарбар мегардад. Соли гузашта, аллакай, 40 километри канал канда шуд.
Пас аз ба кор даромадани Коштеппа, истифодаи оби Амударё дар Афғонистон аз 7 то 17 метри мукааб меафзояд, дар поёноб бошад, Ӯзбекистон ва Туркманистон то 15 дарсади оби ирригатсиониро аз даст медиҳанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки бо бунёди канал, мушкили об дар минтақа боз ҳам бештар мегардад. Дар расонаҳои Ӯзбекистон ин лоиҳаро ба амнияти миллӣ таҳдиди асосӣ унвон мекунанд.
ОЯНДА ЧӢ МЕШАВАД?
Тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, пас аз сӣ сол проблемаи оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад боиси коҳиши 11 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар минтақа гардад. Ғайр аз ин, тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, бо далели мудирияти нодурусти истифодаи захираҳои об, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамасола наздик ба 2 миллиард доллари ИМА зарар мебинанд.
Дар ҳамин ҳол, Афғонистон то ин замон аз масъалаҳои марбут ба об дар канор буд. Дар кишвар низоъҳои мусаллаҳона идома доштанду ҳукумат наметавонист ба масъалаи об машғул шавад. Гузашта аз ин, ягон механизми ҳуқуқии ҳалли мушкилоти об бо ин кишвар таҳия нагардидааст. Афғонистон узви Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, ки дар асоси ин комиссия кишварҳои минтақа квотаҳоро барои гирифтани об аз Амударё ва Сирдарё муайян мекунанд. Дар ҳамин радиф, обшавии босуръати пиряхҳои минтақа омили асосии норасоии об ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо пиряхҳо беш аз 9000 метри мураббаъро ишғол мекунанд, ки 6 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди Қирғизистон 6516 пирях, бо масоҳати 8047, 8 километри мураббаъ, мавҷуд аст, ки 4 дарсади масоҳати онро дар бар мегирад. Дар кӯҳҳои Қазоқистон 2724 пирях бо масоҳати 2033,3 километри мураббаъ ва дар Ӯзбекистон бошад, 613 пирях бо масоҳати 158,19 километри мураббаъ ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти Маркази тадқиқоти иқтисодии Ӯзбекистон, бар асари обшавии пиряхҳо, дар 40 соли охир ҳаҷми обрасонӣ ба як нафар дар як сол дар Осиёи Марказӣ аз 8,4 ҳазор метри мукааб то 2,5 ҳазор метри мукааб коҳиш ёфтааст. То соли 2030 бо суръати кунунии афзоиши аҳолӣ ҳаҷми обтаъминкунӣ ба 1,7 ҳазор метри мукааб мерасад, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст.
Тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ то 90 миллион афзоиш ёфта, норасоии об то 25-30 дарсад дар назар аст. Дар баробари ин, то соли 2030 талабот ба захираҳои обҳои барои соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда метавонанд 30 дарсад афзоиш ёбанд.
МУДИРИЯТИ ОҚИЛОНА
Бо назардошти муҳимияти масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 иброз доштанд: "Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон, ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Чуноне медонед, имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат, бетаъсир намемонад. Дар ин радиф, тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад".
Бо нигаристан ба вазъи мавҷуда, бори дигар муҳимияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили марбут ба об исботи худро меёбад.
Пас, моро зарур аст, ки ба масъалаи захираҳои об дидгоҳи тоза дошта бошем, то проблемаи норасоии об дар раванди тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва хушксолиҳо боиси сар задани муноқишаҳо байни кишварҳо нагардад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”