Дар ҷаҳони муосир арзишҳое мавҷуданд, ки дар бедории тафаккури миллӣ муассир мебошанд. Тафаккури миллӣ заминае дар эҷоду эроди масъалаҳои муҳими ҳувиятсозӣ, шаклгирии ғояҳои миллӣ ва идеологияи миллӣ буда, дар устувор гардидани он нақши калидиро мебозад. Бознигарӣ ба таъриху фарҳанг ва забон, ки унсурҳои зотии ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбанд, ҳамон маҷмуи имконот ва имтиёзоти ҳар миллати соҳибдавлат дар фароҳам овардани тафаккури миллӣ унвон гардида, аз арзишҳои воқеии давлатдорӣ шинохта шудаанд.
Бартарии ин аносир дар мафҳумҳое ифода ёфтаанд, ки характери куллӣ доранд, яъне забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, ки дар баёни фикр, муайян кардани шахсият, таҳкими муносибот барои ҳар яки мо муқаддас аст ва дар баробари ин фарҳанг муҳимтарин падидаи ҷамъиятӣ дар нигоҳ доштан ва пойдории суннату арзишҳое ба шумор меравад, ки дар ташхиси муносибатҳои ҷамъиятии инсон то ҳадде мақоми азалӣ дорад. Таърих ин ду арзиши миллиро дар якҷоягӣ синтез карда, барои тавлиди ҷомеаи башар дар кулвори худ ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, вақте ки мо дар мавриди тафаккури миллӣ ҳарф мезанем, бояд ба ин масъала аз диду зовияи худшиносии миллӣ ворид гардем. Чунки маърифати куллӣ дар шинохти ҳақиқат аз худшиносӣ маншаъ мегирад ва миллати маънаван бой дар ҳар гуна шароити таърихӣ метавонад худро бо доштани ин унсур аз ҳар гуна ҳаводис нигоҳ дорад. Худшиносии миллӣ тавре гуфтем, заминаҳои маърифатӣ дошта, дар таҳкими тафаккури миллӣ аз арзишҳои муҳим ба шумор меравад.
Имрӯз чизе, ки ҷомеаи моро ба ҷунбиш оварда, боиси нигаронии мардум гаштааст, шомил шудани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар чунин фазои тангу тори ҷангу низоъҳои иттилоотӣ, танҳо ба василаи неру бахшидани тафаккури миллӣ мо метавонем пояҳои давлатдориро устувор намоем. Инкишофи босуръати илму техника агар, аз як ҷиҳат, ба баланд рафтани сатҳи дарку фаҳмиши инсонҳо мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар, чунин вазъи табаддулоти илмию техникӣ шароитеро барои убур кардани марзҳову сарҳадҳои эътидол фароҳам овард, ки, албатта, дар пешрафти ҷомеаи мутамаддин таъсири манфии он бештар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, андоза меъёри ҳама гуна фаъолиятҳои ақлонии инсон дар зиндагӣ аст. Чуноне ки дар урфият гуфтаанд: “Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст”. Акнун кадом аносиреро метавонем дар ин раванд номбар кунем, ки дар бунёд ва нигоҳ доштани давлати миллӣ қобили қабулу эътимод буда, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ дар рушди босуботи давлат, таҳкими ғояҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз шикастҳои азими давлатдорӣ моро ҳидоят намояд.
Дар муносибат ба низому масъалаҳои давлатдорӣ, таърих ганҷинаи бузургест, ки ҳамеша аз рӯйдоди воқеаву ҳодисаҳо моро ҳушдор месозад ва, албатта, тафаккури миллӣ, ки заминаҳои бунёдине барои давлати тоҷикон фароҳам оварда буд, тавлидгари ғояҳои миллии мардуми тоҷик мебошад. Нақши давлату миллат дар баланд бардоштани иқтидори ғояҳои миллӣ бисёр муҳим буда, дар натиҷаи таҷрибаҳои зиёде ба вуқуъ пайвастааст ва дар амалӣ намудани ин амр нақши асосиро Пешвои миллати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст.
Тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди каму костиҳои давлати навбун-ёд тоҷикон дар арсаи таърихи ҷаҳон ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, санъату меъморӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, ҳамчун давлати сулҳофар худро муаррифӣ намуданд ва ин аввалин иқдом барои кушодани дарҳои бузург буд, ки дар ояндаи кӯтоҳ бо талошҳои пайвастаи роҳбари хирадманди тоҷикон он ҳам муяссар шуд. Аммо бо боз гардидани ин дарҳои бузург мо ба мушкилоти дигаре мувоҷеҳ шудем, ки ҳар қадар пайи тааммулу бозкушоии ин гиреҳи сарбаста олимону донишмандон, аҳли фазлу камол вобаста гардидаанд, ҳеҷ роҳи ҳалли ин мушкил пайдо намегардад ва пайомади он дар паст рафтани сатҳи тафаккури миллӣ, ки сабаби фурӯ нишастани ғояҳои миллӣ мегардад, таъсирпазир гардид ва ин ҳақиқати талхест, ки дар муносибати ҳамарӯза бо он рӯ ба рӯ мешавем.
Ба роҳ мондани як қатор озмунҳои хусусияти маърифатидошта дар миёни мардуми Тоҷикистон аз иқдомҳои тафаккурсози Пешвои миллат буда, дар тарғиби ғояҳои миллӣ судманд мебошанд. Дар муносибат ба баргузории ин озмунҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор шуда буд, таъкид намуданд: “Бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мо баргузор намудани озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ мондем”.
Самараи озмунҳои мазкур нишон дод, ки, дарвоқеъ, ҷавонони мо аз илму дониш дур намондаанд. Яъне, завқу салиқаи донишандӯзӣ на дар ҳама ҷавонон коста шудааст ва мо метавонем тафаккури миллиро дар зеҳни насли ҷавон парвариш намоем ва барои татбиқи ин ҳадаф мо, пеш аз ҳама, бояд худ тафаккури миллӣ дошта бошем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем онҳоро ба самти дуруст равона созем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо аз хоби ғафлат бархезем, мову манро канор гузорем. Тоҷикистон барои ҳамаи мо Ватан аст ва онро пора накунем, балки дар мағз-мағзи ҷонҳо ҳар зарраи онро пайванду бузург созем. Мо метавонем ғояҳои миллиро дар арзишҳои маънавӣ шаклу маънӣ бахшем. Агар мо нисбат ба тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандони худ бетафовут нестем, пас ҳеҷ ҷойи шакку тардид дар пойдориву бақои миллат нахоҳад монд. Бояд гуфт, ки амнияти Ватан, амнияти фарзандону хонаводаи ҳар яки мост, аз ин рӯ, дар ҳифзу посдории он ҳамеша бояд омода бошем.
Аминҷон АМЛОЕВ,
дотсенти кафедраи
забони тоҷикии ДСРТ,
Гулрухсор НОЗИМОВА,
дотсенти кафедраи
таърихи адабиёти тоҷики
факултети филологияи ДМТ