ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ МОЛИЯВӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи "Омӯзиш ва омодагии техникӣ ва касбӣ ва Барномаи дастгирии шуғли аҳолӣ" созишномаи молиявӣ имзо карданд.
Ба иттилои Вазорати молия, санадро дар Душанбе вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис имзо намуданд.
Мақсади асосии барнома гузарондани ислоҳот дар системаи идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷет ва тарҳрезии барномаҳо, дастгирии системаи таҳсилоти техникӣ-касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мебошад. Дар асоси ин созишнома Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 30 миллион евро грант ҷудо хоҳад кард.
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОНИ ЭРОН
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрд.
Ба иттилои рӯзномаи “Хатлон”, Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбарандаи вилоят маҳсуб меёбад. Дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, ҳамасола дар Хатлон қариб то сесад ҳазор тонна пахта ва беш аз ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз доранд.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи холдинги “Алмос-неру”-и Эрон, зикр намуд, ки мақсади мулоқот ироаи хадамоти техникӣ – муҳандисӣ, интиқоли технология аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мебошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал ҳамкориҳо ва равобити иқтисодию бозаргонии ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
ДОРОИҲОИ НИЗОМИ СУҒУРТА НИСБАТ БА ММД БА 0,6 ДАРСАД БАРОБАР ШУД
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бозори суғуртаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии БМТ, зикр шуд, ки феълан аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди соҳа татбиқи 3 лоиҳаи кумакҳои техникӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлили оморӣ, таҳияи Стратегияи рушди миёнамуҳлати соҳаи суғурта, баланд бардоштани иқтидори касбии мақоми назоратӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ татбиқ мешаванд.
Сардори идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова иштирокдоронро бо натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2023 шинос намуд. Ӯ гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низом нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3 дарсад, сармояи умумӣ 21,4, сармояи оинномавӣ 19,3, захираҳои суғуртавӣ 57,9, мукофоти суғуртавӣ 19,1 ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 36,5 дарсад зиёд гардиданд. Дар маҷмуъ, дар нимсолаи аввал, тибқи маълумот, дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,2 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ММД бошад, ба 0,6 дарсад баробар шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”