Ҳасан Исматзода, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик, аз норасоии лавозимот ва фарсуда будани техникаҳои корӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки қариб 6 моҳ аст ба ҷуз сӯзишворӣ аз тарафи таъминотчиён дигар чизе ба мо дастрас намегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бояд пеш аз оғози фасли зимистон масъулон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, барои бо барқи хушсифат таъмин кардани сокинон дар фасли сармо ҳамаҷониба омода бошанд.
Ҳ. Исматзода иброз дошт, ки айни замон ҳеҷ чиз захира надорем. Ба гуфтаи ӯ, масъулон ваъда доданд, ки онҳоро бо мавод ва лавозимоти зарурӣ таъмин менамоянд, вале ҳамоно маълум нест, ки кай.
Исматулло Толибов, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи фавқуззикр, дар суҳбат гуфт, ки қарзи истифодаи неруи барқ, маҷмуан, қариб 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ӯ ишора кард, ки аз шумораи зикргардида 7 миллиону 419 ҳазору 592 сомонӣ қарзи беасос аст.
“Вақти гузариш аз барномаи таҷ-билинг ба смарт-билинг чун барномаи нав буд, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни назоратчиён нагузаронданд ва кор дар ин барномаро наомӯхтанд. Мутаассифона, бо сабаби сарфаҳм нарафтан, назоратчиён 386 нафарро беасос қарздор намуданд”, – афзуд Ҳ. Исматзода.
Ба суоли хабарнигори рӯзнома дар мавриди “Қарзи бештар ба кадом ташкилот ва ё корхонаҳо тааллуқ дорад?” масъулон посухи дақиқ надоданд. Мутасаддиён танҳо ишора намуданд, ки ҶСК “Совет-42” 101 ҳазор ва ҶДММ “Осоишгоҳи оби шифо” 190 ҳазор сомонӣ беасос қарздор шудаанд.
Ба гуфтаи сардори муассисаи болозикр, айни замон дар ноҳия 7 деҳа аз надоштани барқ танқисӣ мекашад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, дар ин деҳаҳо аз 10 то 40 хоҷагӣ ба сар мебаранд. Худ тасаввур кунед, ки онҳо бидуни неруи барқ чӣ гуна рӯз мегузаронанд.
Суоли матраҳ чунин аст. Қарзҳои беасосро кӣ ҷуброн мекунад? Деҳаҳои бебарқ кай бо барқи доимӣ таъмин мегарданд?
”Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”