Деваштич ноҳияи сирф кишоварзӣ буда, миёни аҳолии ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, бо ангуру себ ва картошкаи босифату аз лиҳози экологӣ тозааш машҳур аст. Дурнамои рушди иқтисодӣ, хуррамию сарсабзӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардуми ноҳия, асосан, ба ривоҷу равнақи картошкапарварӣ, боғдорию чорводорӣ ва, албатта, бо дарназардошти коркарди ниҳоии саноатии он зич бо ҳамин соҳа алоқаманд мебошад.
Иқлими ин ҷо бо мавқеи ҷуғрофии худ барои парваришу истеҳсоли картошка мувофиқ буда, деҳқонон ҳамасола ҳосили фаровон мебардоранду ноҳия дар миқёси кишвар ба як мактаби таҷрибавӣ табдил ёфтааст. Дар ноҳия пайваста бо иштироки мутахассисони ҳамаи манотиқи мамлакат оид ба боз ҳам равнақбахшии картошкапарварӣ, баланд бардоштани самаранокии он ҳамоишҳои илмиву амалӣ доир мегарданд. Ҳамасола ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 200 то 230 ҳазор тонна нони дуюм, яъне картошка, истеҳсол мекунад. Соли равон майдони парвариши картошка аз 7 ҳазор гектар гузашта, дар майдони қариб 400 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шуда буд. Бе ваҷҳ ҳам нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кории худ ба ноҳия таваҷҷуҳи масъулони соҳаи кишоварзиро ба афзоиш бахшидани истеҳсолу ҳосилнокии картошка ва ба роҳ мондани содироти васеи он ба хориҷи кишвар ҷалб месозанд. Аз ҷумла, масъалагузорӣ шудааст, ки давоми ду-се соли охир истеҳсоли картошка дар ноҳия ба ним миллион тонна расонда шавад, оё ин имкопазир аст?
– Албатта, имконпапзир аст, – мегӯяд Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, – агар лоиҳаи солҳои қабл тарҳрезишуда бо унвони “Даҳкатсой-Даҳанасой” бо ҷалби 64-65 миллион сомонӣ татбиқи худро ёбад.
Бале, роҳандозии лоиҳаи мазкур, ки солҳои охир дар иртибот ба ин масъала бисёр мегӯянд, воқеан ҳам, шароит фароҳам меоварад, нахуст, заминҳои садсолаҳо аз кишт берунмондаву ташналаб дар майдони зиёда аз 15 ҳазор гектар обшор гарданд ва дар онҳо боғҳои замонавию парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла картошка, ба роҳ монда шаванд. Сониян, ҳаллу фасли масъалаи мазкур имкон медиҳад, ки то 18 ҳазор нафар сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин шавад. Аммо чанд сол аст, ки ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дар атрофи муҳокима маҳдуд мешаваду халос. Ин ҷо мушкили асосӣ ва ё монеа дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ки дар ҳамоишҳои гуногун ва ё нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби масъулони ноҳия таъкид мешавад, албатта, маблағ аст, ки аз назари аҳамияти иқтисодии ҷумҳуриявӣ он қадар бузург ҳам нест, ҳамагӣ 65 миллион сомонӣ (ҳоло ҳисобу китоби нав 85 миллион сомониро ташкил медиҳад), аммо аз назари имконияти ноҳияи Деваштич дастнорас мебошад. Ин дар ҳолест, ки феълан талаботи на фақат бозори дохилӣ, балки байналмилалӣ низ ба ин маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Пас кашолкориҳо дар ин ҷода дар чист?
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”