Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ навсозии пурраи Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи он дар наздиктарин фурсат пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Имсол аз ёдгории Ҳулбук 835 меҳмон дидан кард, ки 115 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҳулбук моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиани Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба Ҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешими ЮНЕСКО сазовор гардида буд.
БЕҲТАРИН ОМӮЗГОРИ ИДМ АЗ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУД
Омӯзгори тоҷик, директори Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» гардид.
Унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимию тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ИДМ ва Китобхонаи илмиву электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Россия дода шуд.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
Дилноз Ҳукматуллоева, «Ҷумҳурият»