Дурахши паҳлавонони тоҷик дар аввалин Чемпионати кушоди Россия
Мирзоҷамил Рамазонов (-75кг) ва Ҳақназар Назаров (-90кг) дар аввалин Чемпионати кушоди Россия оид ба гӯштигирӣ (21-22 июл, Қазон) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи гӯштии миллӣ «Гӯштингирӣ» Абдулло Саидхоҷаев хабар дод.
Ба ғолибон 30 ҳазор рубл ва барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 20 ва 10-ҳазорӣ дода шуд.
«CAFA FUTSAL CUP-2023»
Натиҷаҳои даври якуми мусобиқа
23 июл бозиҳои даври аввали Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Futsal Cup-2023» доир гаштанд. Мизбони мусобиқа – мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 2:4 шикаст хӯрд.
Тибқи иттилои ФФТ, тими Туркманистон бар Эрон ғолиб омад (2:1). Афғонистон бо ҳисоби 5:4 Қирғизистонро мағлуб кард.
Пирӯзии «Истиқлол» бар «Пахтакор»
Тими «Истиқлол» дар бозии санҷишии дуюм (Варзишгоҳи «Пахтакор», Тошкент) бар дастаи «Пахтакор», ки ҳоло пешсафи Суперлигаи Ӯзбекистон мебошад, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Ба ахбори бошгоҳи “Истиқлол”, тӯбҳои меҳмононро Артур Карташян (дақ.31 аз пеналти) ва Сенин Себай (дақ.78) ба самар расонданд.
II БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Тоҷикистонро 130 варзишгар намояндагӣ мекунад
То оғози II Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (4-14 август, Беларус) 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Бар пояи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар бозиҳо аз Тоҷикистон 130 варзишгар иштирок менамояд.
Тибқи барнома, қувваозмоиҳо аз рӯйи 20 намуди варзиш баргузор мегарданд ва варзишгарони мо дар 13 ришта неру месанҷанд. Дар чорабинӣ беш аз 2 ҳазор варзишгар аз 18 мамлакат ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Қазон, Россия) варзишгарони тоҷик 14 медал (7 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
II Бозиҳои кишварҳои ИДМ-ро шаҳрҳои Минск, Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилев, Молодечно, Орша ва Солигорск мизбонӣ мекунанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш