Модар бузургу беҳамтост. Муҳаббати покаш ҳамчу афлок беканор аст. Мо аз нигоҳу андеша, эҳсосу дуо ва ниёиши ӯ баҳра мебардорем ва мехоҳем ҳама ҷо сухан аз модар бошад. Кист касе, ки суруди «Алла»-и модарро нашунида бошаду аз шири сафедаш баҳра наёфта? Зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи ҷонафзои модар сарчашма мегиранд.
Модар умеди мо, такягоҳамон дар зиндагист. Зери ин панҷ ҳарф чи қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ, садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ нуҳуфтаанд. Дар куҷое бошем, пеши чашмонамон симои ягона ва зебои ӯст. Дар тавсифу бузургияш солҳо мегӯянду менависанд, аммо дармеёбанд, ки ҳанӯз аз сад якеро нагуфтаанд. Чаро? Ба ин пурсиш Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ посухи сазовор гуфтааст:
Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтаст,
То ки модар бар ту меҳр андохтаст.
Шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома»-и худ овардааст:
Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,
Модаронро з-ин сабаб ҳам сӯзиши дил дигар аст.
Дили модар барои фарзанд ҷовидонтарин ҷойгоҳ аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзандаш сафед бошанд. Хоки пои модар хоки Ватан аст, ки онро аз тахти Сулаймон хуштару гаронтар гуфтаанд. Модар шарафу ифтихори мо буда, биҳишт зери қадамҳояш мебошад. Кӣ ба ҷуз модар ба ин шараф ноил гардидааст? Ҳеҷ кас. Хирадмандон ҳамеша ба қадри модар – ин фариштаи заминӣ расидаанд ва хоки пояшонро сурмаи чашмони худ кардаанд. Симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири бузурги тоҷик Низомии Ганҷавӣ фармудааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Модар меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс буда, фарзанди худро бо дилсӯзиву бахшоиш дастгиру пуштибон аст. Модар ошиқ аст – ошиқи фарзанди хеш. Барояш аз парвариши фарзанд авлотар чизе нест, гӯиё ӯ баробари соҳиби ин номи муқаддас гаштан, на аз барои худ, балки баҳри фарзанд зиндагӣ мекунад. Хуш гуфтаанд: ӯ бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Ҷои модарро касе гирифта наметавонад. Танҳо диле, ки дар он кина роҳ намеёбад, дили модар аст. Ба ҳеҷ фарзанд бадиеро намехоҳаду раво намебинад. Ҳазорон гуноҳи фарзандро мебахшаду боре онҳоро пешорӯи ӯ намеорад ва ҳаргиз аз ҷигарбандаш дил намеканад. Қадру манзалати модарро ҳамчу фарзанди асил бояд бишнохт. Фарзанде, ки ҳурмати модарро донад, бо дуояш месабзаду хушбахт ва шуҳратёр мегардад. Рӯзе шахсе назди Расули акрам (с) омаду гуфт: «Ё расулаллоҳ (с), модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?». Паёмбар гуфтанд: «Аз сад якеро ба ҷо наовардаӣ, аммо Худованд туро савоби бисёр медиҳад».
Дар радифи дигар модарон мо модари тоҷикро низ мадҳу ситоиш мекунем. Ӯ абармардону нобиғаҳои зиёдеро, мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ба дунё овардааст, ки дар рушди тамаддуни башар саҳми мондагор гузоштаанд. Ва боз ӯ бо хости Худо ба халқи тоҷик марди арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд, ки барои миллату сарзамини азияткашидааш ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва сулҳу осоиштагӣ овард.
Кас ба қадри модар ҳар қадар калонтар шавад, ҳамон андоза бештар мерасад. Дарк мекунад, ки барояш аз модар дида, азизтар шахсе дар дунё нест. Ба гуфтаи шоири амрикоии асри XIX Ҷеймс Рассел дар ҷаҳон «академияе беҳтар аз оғӯши модар нест». Дар ҳақиқат, бидуни эътирофи нақши модарон ва арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба пойдории оила, ки асоси рушди маънавиёти ҷомеа мебошад, имкон надорад. Модар бо меҳру муҳаббати беандоза ва навозишҳои гарму самимӣ нахустин сабақҳои маънавию ахлоқиро, ки инсониятро зина ба зина ба сӯи камолот ва одамият раҳнамун мегардонад, дар замири кӯчаку поку беолоиши тифлони хеш ҷой медиҳад. Забони модар ба ҳадде пурмеҳру муҳаббат ва ширину гуворост, ки ҳар сухан аз он мисли қатраҳои оби ҳаёт пош хӯрда, дилҳои ташнаро шодоб месозад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
Одатан, кӯдакон аз модар доштан ифтихор мекунанду аз сифатҳои беҳтарини ӯ сухан мегӯянд. Дар ҳақиқат, онҳо ягона муттакои зиндагӣ будани модарро бо ҳамон шуури кӯдаконаашон беҳтар эҳсос менамоянд. Агарчи талош ва саргармиҳои зиндагӣ давоми умр думболагир бошанд ҳам, эҳсоси дӯст доштани модар дар ягон синну сол ҳаргиз вуҷуди инсонро тарк нахоҳад кард.
Ҳамаи муваффақияту комёбии худро дар ҳаёт аз модарам медонам. Зеро маҳз заҳматҳо ва тарбияи дурусти модарам буд, ки дар зиндагӣ самти дурустро интихоб намудам. Лаҳзаҳоеро метавонам ёд оварам, ки бо гузашти солҳо ва саҳифагардон шудани авроқи рӯзгор, бароям арзишу қимати бештаре ба худ мегиранд. Модари азизам Садбарг Қурбонова, ки аз оилаи омӯзгоранд, пайваста рӯзномаву маҷалла ва асарҳои адабиёти ҷаҳону тоҷикро мехонданду нақл мекарданд. Нақлҳояшон гуворову дилнишин буданд ва мо – фарзандонро сахт мутаваҷҷеҳ мегардонд. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсон аст. Мо ҳамон вақт ба пирӯзӣ ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхо-рии ӯ бирасем.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»