(Ба усто Солеҳи Азизи истаравшанӣ бахшида мешавад.)
Чӯби хушке мешавад сарсабз,
Чӯби хушке мекунад гул,
Чӯби хушке ҷон гирифта, набз меёбад,
Чӯби хушке чун дарахтони биҳиштӣ бор мебандад...
Меваҳои завқ мерезад ба дӯши одамиён,
Меваҳои нусрату шодиву ҳикматҳои дерини ниёкон.
Дар биҳишти ёдҳо, дар меҳани эъҷоз, дар марзи ҳунар
Чӯби хушке... дорад эҳсони таҷаммул.
Кист, к-ӯ мафтуни ин эъҷоз нест,
Кист, к-ӯ бо ин сафои ҷовидонӣ
Ҳамдилу ҳамроз нест...
Ин фақат гул нест,
Ин фақат нақши ҳазорон рамзи пур аз розу ҳикмат
Аз ҳунар ба рӯи олам дар таҷаммул нест,
Ранг-ранг ин ҷо ҳазор оҳанг мерезад,
Аз фари ҳар нақша таърихи ниёкон мезанад ҷавлон,
Аз фари ҳар нақша сози нанг мерезад...
Не!
Агар гул бар дарахтон сабзаду хушкад ба як сол,
Ин гули нақшину рангин
Ҷовидон сарзабз, ҷовидон хандон, ҷовидон ғарқи сафост,
Ин шукуфоӣ ҳама эъҷоз, эъҷози Худост,
Гарчи аз завқу ҳунар, аз дасти инсон аст,
Аз тамоми пешаҳо болост.
Ҳам намое аз фурӯғи миллати озодаандеш,
Ҳам калиде бар дари асрори кайҳон аст.
Дар гумони кӯтаҳи ман
Сохтан касби Худоист,
Сохтан, эҷод кардан
Аз нубувват нест холӣ,
Пешаи олист.
Ҳар кӣ ҷон бахшад ба сангу гил, ба чӯби хушк шогирди Худованд аст,
Пеши ман, пеши ҳазорон қарни мозӣ арҷманд аст.
Кори ҳар кас нест, оре, кори ҳар кас нест
Ин ҳунар, бо ин таҳаммул, ин таҷаммул, сабру тоқат
Ин ҳама аз чок-чоки реши сина,
Ин ҳама аз умқ-умқи ҷону дил,аз умқи дида
Ранг-рангу завқ-завқу ишқ-ишқ аз худ бурун рафтан,
Кам шудан аз нури чашму зӯри бозуву асабҳо
Зам шудан бар ҳусни дунё...
Роҳи бемаргӣ якеш ин аст,
Рӯзи якрангат ба сад ранге дурахшонад
Зиндагиву рӯзгоронро
Бо ҳамин як ҷон бубахшӣ ҷон ҳазоронро...
Чеҳраи монои таърих,чеҳраи зебои миллат,
Чеҳраи фазлу футувват,
Чеҳраи завқи баланду бефанои миллати тоҷик
Мешавад эҷод андар байни ангуштони сеҳроангези ту, устои Солеҳ,
Чист з-ин волову аз ин беҳ!?
Одаме, ки ҳастияшро пора-пора
Дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони азиз
Монда чун нақшу нигор,
Одаме, ки бо ҳама заҳмат, ба сад сабру таҳаммул
Монд худро дар намои ҳар иморат,
гунбазу дарвозуву дар,
Қасрҳои бегазанде ёдгор.
Кош умри ҳар яки мо
Инчунин монои ин рангин хаёлат бод!
К-ош ҳамсони шукӯҳи безаволат бод,
Оҳ, эй усто, ҳалолат бод!
Оҳ, эй усто, ҳалолат бод!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон