CentralAsia (CA). Бар асари заминларзаҳо дар ҷанубу шарқи Туркия 18 342 нафар ба ҳалокат ва 74 242 нафар маҷруҳ шуд.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «CNN», дар Сурия шумораи ҳалокшудагон ба 3162 нафар расид. Ҳамин тариқ, шумораи умумии фавтидагон дар Туркия ва Сурия 21 504 нафарро ташкил медиҳад.
Мир 24. Ба ифтихори 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ Туркманистон як миқдор гази моеъро ба Ӯзбекистон интиқол дод ва Ӯзбекистон бошад, ба Туркманистон 20 мошини ёрии таъҷилӣ тақдим кард.
Известия. Хабаргузории «Анадолу» гузориш медиҳад, ки пас аз 68 соати заминларзаи мудҳиш дар вилояти Ҳатайи Туркия шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак, аз зери харобаҳои биное наҷот дода шуд.
RT. Моҳи январ таварруми солона дар Олмон ба 8,7 дарсад расид, дар ҳоле ки моҳи декабри соли гузашта 8,6 дарсадро ташкил медод. "Дар асоси натиҷаҳои то ҳол дастрасшуда, интизор меравад, ки нархҳои истеъмолӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм 1,0 дарсад боло равад", – гуфта мешавад дар баёнияи Бюрои федеролии омори кишвар.
Известия. Бино ба навиштаи рӯзномаи «Metro.co.uk», дар шимоли Ҳиндустон зимни мурофиаи судӣ паланг ба бинои суди минтақавии Ғазиободи иёлати Уттар-Прадеш ворид шуда, шаш нафарро маҷруҳ кардааст.