Фаромӯш накунед, ман дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат намудаам. Се соли расо – аз 1971 то 1974, дар киштии ҷангӣ арзу тули баҳри Сиёҳ ва уқёнуси Оромро чен кардаам. Ҳар кас, ки ба баҳр баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ тӯфоне киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам чунин лангаре дорам, ки ҳеҷ гоҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб кардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳарчанд аз хизмат дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ним аср гузашта бошад ҳам, хотирот ва тамошои аксҳои даврони хизмат онҳоро ба ёди айёми шубоб мебурд. Хотираҳояшон хеле ифтихорафзо буд ва бо пеши назар овардани он фасли рӯзгор чашмонашон барқ мезад. Нақши ин мактабро дар камолоти ҷисмониву маънавиашон барҷаста медонанд. Хурсанд аз онанд, ки ҳангоми хизмати ҳарбӣ тоҷикписарон бо ҷасорату хизмати содиқона миёни дигар сарбозони Иттиҳоди Шуравӣ намуна буданд. Ҳамин хизмати софдилонаашон буд, ки чанд нафари онҳо, аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, замони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ба гирифтани унвони Аълочии Флоти уқёнуси Ором даст ёфтанд.
Ин сатрҳо бардошт аз суҳбат бо Абдуҷаббор Саъдуллоев (ноҳияи Рӯдакӣ), Зайниддин Саъдиев (ноҳияи Панҷ), Шералӣ Алиев (ноҳияи Қубодиён), Алӣ Шералиев (ноҳияи Варзоб), Одина Ҳалимов (ноҳияи Ёвон), Абдуманон Каримов (шаҳри Ваҳдат), Пирумшо Ходжаев (шаҳри Норак), Холмаҳмад Абдулхайров (ноҳияи Данғара) ва Холмумин Хуҷақулов (ноҳияи Дӯстӣ) мебошанд, ки солҳои 1971 – 1974 дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ҳамроҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати Модар-Ватанро адо намудаанд.
Ҳамхизматони Сарвари давлат ба он хотир ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” ташриф оварданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, ки якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад, табрик намоянд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ яке аз идҳои асосии ҳарбӣ буда, аз Иттиҳоди Шуравӣ мерос мондааст. Ҳарчанд Тоҷикистон Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ надошта бошад ҳам, дар аҳди шуравӣ ҷавонони тоҷикистонӣ дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат намудаанд ва ин рӯзро ҳар сол интизор мешаванд, зеро барои нафароне, ки дар Флот хизмат кардаанд, таҷлили ин ҷашн ифтихори бузург ба ҳисоб меравад.
Шералӣ Алиев аз таҷлили ин ҷашн ҳангоми хизматашон чунин ёдовар шуд: “Рӯзи Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ бо шаҳомат ва анъанаҳои хос қайд мегардид. Дар минтақаҳои бандарӣ чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегашт. Паради киштиҳо доир мешуд. Пас аз табрикоти фармондеҳ намоиши тирпарронии артиллерия ва яроқу аслиҳа сурат мегирифт. Барои дидани он тамошобинони зиёд меомаданд. Ин рӯз барои мо як иди ҳақиқиро мемонд”.
– 28 октябри соли 1971 як гурӯҳ ҷавонписарон аз ҳар гӯшаю канори кишвар дар шаҳри Душанбе барои сафарбарӣ ба Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ҷамъ омадем. 50 касро интихоб карданд, ки дар байни онҳо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам буданд. Баъди аз комиссияи тиббӣ гузаштан, 2 ноябр бо ҳавопаймои «ИЛ-18» ба самти вилояти Новосибирск ва аз он ҷо ба Хабаровск парвоз кардем. Моро ба як қисми ибтидоии омӯзиши ҳарбӣ бурданд. Он ҷо шаш моҳ нозукиҳои ҳарбиро омӯхтем. Сипас, як қисмамонро ба ҷазираи Заячийи вилояти Хабаровск ва гурӯҳи дигарро ба шаҳри Владивосток фиристоданд, ки ҳини хизмат дар Флоти уқёнуси Ороми Флоти ҳарбӣ-баҳрии Иттиҳоди Шуравӣ дую ним солро дар баҳру уқёнус паси сар кардем”.
Зайниддин Саъдиев, Аълочии Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, мегӯяд, ки хидмат дар киштӣ анъанаҳои хоси худро дорад. Аз рӯи одат, ба нафаре, ки аввалин бор ба киштӣ меояд, як банка оби баҳр менӯшонанд. Ин об ниҳоят шӯр асту нӯшиданаш мушкил. Вале иҷрояш ҳатмӣ. Ҳамин хел санҷишҳоро гузаштаву шарафи сарбози баҳрӣ буданро сазовор гаштем.
– Барои мо ифтихор буд, ки соли 1974 нашрияи «Боевое знамя» дар бораи ду ҷавонписари ҷасури тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуманнон Каримов ҳамчун аълочиёни Флоти уқёнуси Ором матлаб чоп кард. Ин дастоварди шоён маҳсуб меёфт, зеро он солҳо ба кам касон даст медод, ки ҳам соҳиби ин унвон шаванду ҳам дар бораашон газета мавод ба нашр расонад, – гуфт Зайниддин Саъдиев.
Тибқи нақли онҳо, Пешвои миллат ҳам мошинист ва ҳам минёри (сарбозе, ки мина мегузорад ё майдонро аз он пок мекунад) дараҷаи аввал буданд.
Абдуҷаббор Саъдуллоев, ки бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як рота адои хизмат намудааст, гуфт, ки аз ҳамон айём Ҷаноби Олӣ бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ – хоксориву ҷавонмардӣ ва дониши фарох миёни ҳамхизматон дурахшида меистоданд. Ҳамрозу ҳамдами бачаҳо дар лаҳзаҳои бемориву рӯ ба рӯ шудан бо ягон мушкилӣ буданд. Мо пас аз чил соли адои хизмат, бо ҳам вохӯрдему соате суҳбат кардем. Гуфтему хандидем. Акнун, ҳамхизмати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, вале бо ҳамон тамкину таҳаммули пешин.
Онҳо бо табъи болида ҳарф мезаданд, ки фахри онҳо дар аскарӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло на танҳо фахри тоҷикистониён, балки тоҷикони тамоми ҷаҳон шудааст.
Имсол Рӯзи Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ба санаи 30 июл рост меояд. Ҳамхизматони Пешвои миллат бо таманниёти нек сарбози намунавии Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба ин ҷашн самимона табрик намуда, барояшон умри дароз, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти роҳбарии сиёсиву умури давлатдорӣ комёбиҳои навро орзу карданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”