Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоии хоҷагии вилоят дар шаш моҳи соли равон баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонда шуда, афзоиши истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардид.
Бо назардошти эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ба ин масъала таваҷҷуҳ зиёд шуд. Дар ин росто, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 1011 ададро ташкил дод, ки аз ин 974 корхонаи истеҳсолӣ ва 37 коргоҳи хизматрасонии саноатӣ мебошад. 694 корхонаи вилоят бо омӯзиши бозор, мутобиқ ба талаботи рӯз роҳандозӣ кардани фаъолиятро муваффақ шуд. Масъулони 158 корхона ба камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот роҳ доданд. 159 корхонаву коргоҳи шаҳру навоҳии вилоят бинобар рақобатнопазирии маҳсулот, фарсуда шудани таҷҳизоти истеҳсолӣ дар ин давра, умуман, фаъолият накард.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, ки дар ҷаласа иштирок дошт, аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ кард. Бо ин теъдод аз фаъолият бозмондани корхонаҳо боиси ташвиш аст, зеро Ҳукумати Тоҷикистон марҳилаи навро гузаштан аз кишвари кишоварзӣ ба индустириалӣ–саноатӣ эълон доштааст. Супориш шуд, ки бояд бо таъсиси гурӯҳи корӣ вазъи феълии коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор гирад.
Ба истиқболи Ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соли 2023 дар ҳудуди вилоят ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо таъсиси 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар шаш моҳи аввал бошад, 162 корхонаи нав бо 1146 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.
Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 16 ҷойи нави корӣ таъсис шуд. Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи 155,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн сомонӣ зиёд аст.
Кишоварзӣ ҳамоно дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мақоми арзандаро соҳиб аст. Кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд меандешанд. Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 дарсад таъмин гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар баробари қаноатмандӣ аз нишондиҳандаҳои кишоварзон дар соли 2023, ҳамзамон, ба камбудиҳо – коҳиш ёфтани истеҳсоли картошка, то 8 ҳазор гектар кам гаштани майдони кишти пахта ишора кард.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаи омодагии ҷиддӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон бо назардошти ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, дуруст ва сифатан ба роҳ мондани таълим дар мактабҳои олӣ ва миёнаи вилоят, омодагии ҷиддӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ, пешгирӣ аз ҷиноятҳои ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва боз даҳҳо масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”