Инсон аз рӯзи пайдоиш бо ақлу заковат илму дониш андӯхта, бо ҷаҳду талошҳои беназир ба комёбиҳои бузург ноил шуд. Даҳҳо асрро бо меҳру муҳаббати байни инсонӣ, раҳму шафқат, некию накукорӣ паси сар карда бошад ҳам, дар поёни асри ХХ ва инак, дар бисту се соли асри ХХI дар мағзи шариф ва одамияти ӯ костагиҳо пайдо шуданд. Хислатҳои одамӣ дар натиҷаи робитаи мутақобила бо дигар инсонҳо зуҳур меёфт, ки ҳамааш ба хотири дарёфти иттилооти тару тоза буд. Прогресси илму техника ва технология инсонро аз вартаи ҷаҳлу нодонӣ ба дунёи нави илму кордонӣ овард. Маҳз дастрасӣ ба иттилоот сабаб шуд, ки дигар инсон аз қафои одамгарӣ нагардад.
Акнун моли технология ӯро ба ғизои маънавӣ ва ахбори тозаи дунё сари вақт таъмин намуда, ҳоҷати рафтан ба назди касею нишаста гап кушодану иттилоъ гирифтанро аз байн бурд. Дар замони мо, ҳатто як телефони муқаррарӣ ғунҷоиши ҳазорон маълумоти мағзи садҳо инсонро дорост.
Дар асри гузашта чунин набуд. Баъзе хабарҳо то деҳаи ҳамсоя баъди як ҳафта рафта мерасид. Фақат аз солҳои шастуми асри XX технологияи иттилоотӣ андаке тараққӣ карду як-ду шабакаи телевизионӣ ва якчанд шабакаҳои радиоӣ рӯйи кор омаданд, ки онҳо низ, ҳамаи хабарҳои дунёро расонда наметавонистанд. Аз ин рӯ, одамон ба якдигар меҳру муҳаббат доштанд. Аз ҳамдигар хабару паём меҷустанд, яъне сарчашмаи пайғому салом одами зинда буд.
Дар замони шуравӣ иттилоърасонӣ чун имрӯз тараққӣ накарда буд. Агар дар хонаи ягон оилае меҳмон меомад, тамоми ҳамсояҳо ногуфта огоҳ мешуданду бегоҳӣ ҳамсояҳо назди меҳмони ҳамсоя мерафтанд. Бо ӯ бо меҳру муҳаббат салом мекарданд ва хеле ҳам азизу гиромияш медоштанд, то меҳмон ба гап дарояду онҳо иттилооти наве ба худ гиранд. Суҳбатҳо метафсиданд, дастархонҳо пурнозу неъмат мешуданд, дӯстӣ ба миён меомад ва пайванди меҳру муҳаббатҳо боз ҳам қавитар мегардид. Агар меҳмон хушгап мебуд, боз ҳам ба нафъи ҳамсояҳо буд, зеро аз хабару воқеаҳои зиёде огоҳ мегардиданд. Маҳз зарурати дарёфти иттилоот буд, ки ҳамсояҳо пеши меҳмон меомаданд.
Ҳозир бошад, ҳама тариқи телефонҳои мобилӣ аз тамоми хабарҳо огоҳанд. Дигар ҳоҷати назди меҳмоне барои иттилоот рафтан нест. Ҳамсояҳо он тараф истанд, соҳиби хона бо меҳмон соз гап намезанад. Ҳамту аз нӯги забон як аҳволпурсии сар-сарӣ мекунаду телефонашро бароварда, ба дунёи виртуалии худ ворид мешавад. Меҳмон, ки аз омаданаш кайҳо пушаймон аст, тани танҳо мемонад, зеро пай мебарад, ки агарчи ҷисми соҳибхона дар пешаш бошад ҳам, фикру хаёлаш дар ким кадом гӯшаи дигари олам аст. Ва меҳмон ҳам, ки одами ҳамин замону соҳиби телефон аст, зуд бо «мадади» он худро ба олами интернет ҳавола мекунад. Акнун дар хона ду ҷисме, ки ба якдигар ягон робитаву муҳаббату рафоқат надорад, паҳлуи ҳам мемонад.
Ин бисёр ҳолати вазнину ногувор аст, вақте касе дар паҳлуят хомӯшу бесадо менишинаду пай мебарӣ, ки аз ҳузурат ба ӯ суде нест. Дақиқан, иллати ин бемеҳриҳо дар он аст, ки аз якдигар умеди гирифтани ягон иттилооти тозаю хабари ҷолибу навро надоранд.
Ҳамин тавр, технологияи муосир зарба ба меҳру муҳаббати одамизод задааст. Дигар дӯстию рафиқӣ ва ба меҳмонӣ рафтану аз ҳоли якдигар хабар гирифтан аз байн рафт. Чунки технологияи нав инро ҳам ба уҳдаи худ гирифт. Ё шояд худи мо ин ҳамаро ба зиммаи ӯ партофтем?!
Ҳар кас ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ доираи дӯстони худро дорад. Дӯстони маҷозӣ, аммо дӯстӣ дар олами интернет ба сурати дигар аст. Он ҷо ба меҳмонӣ рафтану меҳмонро пазируфтан нест. Ҷонибдорӣ, ки бо нишонаи «лайк» маъруф аст, дар матлаби пешкашнамудаи касе зиёд шавад, ҳамон қадар табъаш болида мешаваду хотираш шод.
Ҳама ба ҳамин ҳол гирифторанд. Телефонро баробари ҷони ширинамон дӯст медорему онро чун як узви бадани худ қабул кардаем, ки агар ҳамроҳамон набошад, худро норасову кам мепиндорему дав-давон дар ҷустуҷӯяш мешавем. Он нафареро, ки бо ӯ дар интернет дӯстӣ дорем, агар дар қади кӯча ва ё ягон ҷойи ҷамъиятӣ бубинем, ҳатто салом ҳам намекунем, вале дар шабакаи интернетӣ интизору нигаронем, ки чӣ наворе пешниҳод намуда ё ба навори пешкашнамудаи мо чи нигоҳе дорад.
Ба ин хотир, ҷудошавии оилаҳо тавассути телефон зиёд шудааст ва ба дидори модар нарафта, аз дур шабаҳашро дар экран дида, хотирҷамъ мешавем. Тавассути Интернет хайру саховат мекунему аз худ қонеъ ҳастем. Дар ҳоле ки Мавлоно фармуда: «Бо дасти дигаре додани хирмани зар, баробари он намешавад, ки бо дасти худ ҳалвои тар медиҳӣ».
Муҳаммади ШОҲ, рӯзноманигор