ТАСС. "Баъди фирори Қувваҳои Мусаллаҳи Амрико аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар, мутаассифона, беҳтар намешавад. Созмонҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида», фаъолтар мешаванд ва иқтидори худро таҳким мебахшанд", – гуфт Президенти Россия Владимир Путин зимни ифтитоҳи нишасти намояндагони мақомоти амниятии як қатор кишварҳо, ки ба мушкилоти Афғонистон бахшида шуда буд.
Путин таъкид кард, ки вазъи башарӣ дар Афғонистон бадтар мешавад. Тибқи маълумоти Россия, тақрибан 4 миллион нафар дар Афғонистон ба ёрии фаврии башардӯстона ниёз дорад.
Тавре Путин таъкид кард, Россия аз талошҳои истифода аз вазъ дар Афғонистон "барои тавсеа ё бунёди зербиноҳои худ дар он ҷо аз ҷониби давлатҳои ғайриминтақавӣ, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ бунёд мекунанд" нигарон аст. Ҳамзамон, ӯ зикр намуд: "Ин кишварҳо ҳеҷ коре намекунанд, ки барои муборизаи воқеии зидди терроризми байналмилалӣ лозим бошад".
Ба имзо расидани созишнома миёни Россия ва Чин
DEITA.RU. Дар пайи тахриби лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” ва “Маҷрои шимолӣ- 2”, Россия интиқоли газро, асосан ба самти Шарқ, равона кардааст.
«Газпром» ҳоло тавассути лӯлаи «Неруи Сибир» ба Чин гази табиӣ мерасонад. Содирот аз рӯи он дар охири соли гузашта 15,5 миллиард метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 яку ним баробар бештар аст. Тавре Вазорати энергетикаи Россия зикр мекунад, ин ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли газро тавассути масири «Шарқи Дур» ба имзо расонданд. Моҳияти "созишномаи аср"-и Россия ва Чин аз сохтан ва истифода бурдани лӯлаи газ тавассути дарёи Уссурӣ дар наздикии шаҳрҳои Далнереченск ва Хулин аст. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳаҷми умумии интиқоли гази «Газпром» пас аз татбиқи лоиҳа ба 48 миллиард метри мукааб меафзояд.
Лукашенко созишномаи тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко қонун дар бораи тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро имзо кард.
Матни қонун дар сомонаи ҳуқуқии миллӣ нашр шудааст. Ин қонун дар бораи осон кардани тиҷорат байни кишварҳо мебошад.
Сухан дар бораи тасвиби худи санаде меравад, ки раҳбарони ду кишвар дар Душанбе 11 октябри соли 2022 ба имзо расонда буданд.
Пас аз ин тарҳи тасвиб дар ҳар ду палатаи порлумони Беларус тасдиқ шуд. Созишнома пас аз 30 рӯзи аз гирифтани огоҳии охирини хаттӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом ёфтани расмиёти зарурии дохилӣ, эътибор пайдо мекунад.
Тарафҳо ба иҷрои ин созишнома мақомоти гумруки ду кишвар – Кумитаи давлатии гумруки Беларус ва Хадамоти гумруки Тоҷикистонро вазифадор мекунанд.
Муайян карда мешавад, ки низоми содагардонии тиҷорати мутақобила ба табодули маълумот дар бораи ҳаракати молу воситаҳои нақлиёт мувофиқи шартҳои техникӣ асос меёбад.
Талошҳои ғоратгарӣ пас аз заминларза дар Туркия
Gazeta.ru. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар бораи талошҳои ғоратгарӣ пас аз заминларзаи харобиовар дар ин кишвар сухан гуфт.
«Мутаассифона, дар баъзе ҷойҳо дар бозорҳо кӯшиши ғоратгарӣ мушоҳида мешавад. Бо ҷорӣ шудани вазъияти фавқулода давлат бо гирифтани иҷоза аз порлумон ба ин ғоратгарӣ дахолат хоҳад кард», – гуфт Эрдоган. Тибқи маълумоти ахир, дар зилзилаи харобиовар дар Туркия, ки 6 феврал рух дод, 18 ҳазору 342 нафар ҳалок шуда, 72 ҳазору 242 нафар ҷароҳат бардошт.
Ба Ситоди байналмилалии рафъи оқибатҳои заминларза дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия 11 кишвар, аз ҷумла Россия шомил аст.