Бо ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз 18 то 23 июли соли равон дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии STEM (аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ) баргузор гардид. Дар он дастаи олимпии Тоҷикистон иборат аз 36 нафар аз ҳафт муассисаи гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзид.
Даври ҷамъбастӣ дар Донишгоҳи давлатии гуманитарии Сорбон доир шуд, ки дар он 440 хонанда аз 22 давлати дунё ҳунарнамоӣ кард.
Боиси тазаккур аст, ки хонандагони пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе ҳунари воло нишон дода, соҳиби 18 медал: 5 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ гардиданд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»