Бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, иншооти гуногуни муосир бунёд гардида, роҳҳо мумфарш ва аз таъмири пурра бароварда шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.
11 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун оғоз гардиданд.
Бояд қайд кард, ки иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони деҳаи Меҳробод ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич амалӣ гардида, дарозии роҳи мумфаршшаванда якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он 6 километр ва паҳноияш 5 метрро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳия ба масъулон барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои мумфаршкунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ дар дигар деҳаҳои ноҳияи Деваштич низ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.
Сокинони деҳа барои дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён намуда, зикр карданд, ки дар оянда низ баҳри ободу зебо гардондани ҳар як гӯшаю канори маҳалла дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия саҳми худро мегузоранд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор, ш. Истаравшан