Дар боғи фароғатӣ–фарҳангии шаҳри Хоруғ Фестивали «Боми ҷаҳон» баргузор гашт, ки дар он ба ғайр аз дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон, инчунин санъаткорони шинохтаи хориҷӣ низ иштирок намуданд. Фестивалро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназар Абдулназарзода оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Зикр гардид, ки Фестивал шуруъ аз соли 2008 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шарикони рушд гузаронда шуда, ҳар сол зиёда 100 ҳунарманд аз ИМА, Олмон, Чин, Ҳинду Покистон, Туркия ва дигар кишварҳо дар он ширкат намуда, беҳтарин суруду тарона ва рақсҳои дилошӯбро пешкаши ҳаводорони санъату ҳунар менамоянд.
– Басо рамзист, ки ҳамасола Фестивал дар остонаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад, – иброз намуд Абдулназар Абдулназарзода. – Солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг диққати махсус дода, дар ин замина, дар тамоми минтақаҳои кишвар иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи зебо, меъмории миллӣ ва муосир сохта, барои баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Имрӯз на фақат дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, балки тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла Кӯҳистони Бадахшон, чунин чорабиниҳо гузаронда мешаванд. Фестивали «Боми ҷаҳон» аз ҷумлаи онҳост.
Имрӯз дар Фестивал на фақат ҳунармандони тоҷик, балки санъаткорони номвар аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд, ки ин аз сиёсати «дарҳои боз» ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат бозгӯӣ мекунад. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳояшон зикр намуданд, ки фарҳанг марз, забон ва миллат надорад.
Таъкид гардид, ки баргузории он барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани фарҳанги кишварҳое, ки намояндагонашон дар ин ҷо ҳузур доранд, мусоидат мекунад. Фестивали «Боми ҷаҳон» ба иди калони дӯстӣ табдил ёфт.
– Фестивали имсола дар замоне мегузарад, ки Бадахшон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои рушди санъату ҳунар роҳ ҳамвор гашт. Дар Фестивал нафароне ширкат доранд, ки бори нахуст аз Бадахшон дидан менамоянд ва бовар дорам, ки онҳо аз дидор ва мулоқот бо мардуми ин диёр хотираҳои нек бо худ мебаранд, – гуфт муовини сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Пол Гринхалг.
Чорабиниҳои фарҳангӣ аз субҳ то шом идома дошта, ҳунармандон тавонистанд беҳтарин суруду рақсҳоро пешкаши тамошогарон гардонанд. Мувофиқи иттилои муассисони Фестивал, барномаҳои консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиро, ки дар он ширкат намуданд, беш аз 10 ҳазор сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва меҳмонон тамошо карданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”