Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ягона дармонгоҳ дар ноҳия мебошад, ки барои солимгардонии аҳолӣ ба таври маҷмуӣ хизмат мерасонад.
Рафтуомади зиёди одамон далели он аст, ки табибони ин беморхона ба касби хеш содиқ буда, донишу малакаи андӯхтаашонро барои ҳифзи саломатии аҳолӣ мебахшанд.
Албатта, дар ин самт талошу заҳмати сардухтур Ниёзмаҳмад Қурбонов андак нест. Номбурда барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати табобати мардум пайваста талош меварзад. Чуноне ки аз суҳбат бо Н. Қурбонов бармеояд, сохтмони бинои нави шуъбаи модару кӯдак дар назар аст. Ба беморхона аз ҷониби Бонки рушди Олмон як мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳам, тақдим шудааст. Феълан, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қабати дуюми бино таъмир мегардад.
Сардухтур бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, бахусус хоксориву ҳимматбаландӣ ва дурандешию пухтакорӣ, миёни мардум маҳбубият пайдо кардааст. Тавре худи ӯ дар суҳбат гуфт: “Дарди дил бо дил табобат мешавад”. Дар ҳақиқат, хизмат ба мардум номи касро баланд бардошта, эътиборашро меафзояд:
Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
Халифабобо ҶУМЪАЗОДА, журналист