1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 35 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 568 750 (панҷсаду шасту ҳашт ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2023, № АП-333
ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошад, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.
Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.
Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои бокс, гӯштиҳои дзюдо, юнонӣ-румӣ, тарзи озод ва таэквондо ВТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.
Ин қадршиносии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расондааст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин бозиҳои олимпиро, пайдо намуданд.
Варзишгарони тоҷик сол ба сол ба натиҷаҳои дилхоҳи варзишӣ ноил гашта истодаанд. Аз ҷумла, давоми соли 2022 650 варзишгар, аз ин шумора 34 бонувони аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ, ворид карданд, ки натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2021 150 медал (47 тилло, 41 нуқра ва 62 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Дар ин давра варзишгарони тоҷик маҳорати олии варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, 548 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд ва 150 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.