ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Зиёд будани ҷойҳои кории холӣ ташвишовар мебошад
– Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатиро дар шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Норак, Левакант, Рӯшон, Мурғоб, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод мавриди омӯзиш қарор дод.
Ҳангоми санҷиш ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории соҳа зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла вақти интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, талаботи тахассусӣ ошкор гашта, инчунин, ҳолатҳои қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун (46 ҳолат) мушоҳида гардид, – гуфт Ҷумъа Давлатов, директори Агентӣ, дар нишасти хабарӣ.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра барои ишғоли 3305 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, танҳо ба 2167 мансаби холӣ 4487 довталаб ҳуҷҷат супурдааст.
Хабарнигори “Ҷумҳурият” аз директори агентӣ пурсид, ки чаро барои ишғоли 1138 мансаби холии дигар ҳуҷҷат пешниҳод нашуд?
– Дар баъзе мансабҳо ҳуҷҷат насупурдани довталабон моро сахт ба ташвиш овардааст. Барои муайян намудани сабабҳои зиёд будани ҷойҳои кории холӣ дар якчанд соҳа аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии хизмати давлатӣ бо мусоидати дигар мақомоти давлатӣ санҷиш гузаронда шуд. Мо натиҷаҳои санҷишро интизорем, ки барои чӣ мансабҳо холианд. Мақсад аз ин санҷиш муайян намудани омилҳои аслии аз кор рафтани хизматчиёни давлатӣ ва чора андешидан барои ҷалби шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ мебошад, – иброз дошт Ҷумъа Давлатов.
Бояд гуфт, ки шумораи воҳидҳои кории хизмати давлатӣ (шаҳрандӣ) 21782 буда, теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18430 нафар мебошад, яъне 3352 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Зиёд будани ҷойи кории холиро директори Агентӣ хеле нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Маҳмуд МИРЗОЁН
Рақамикунонии маълумотҳои геологӣ бо ширкати “Seeguent”
Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар баробари корҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи маъдан, ба масъалаи рақамикунонии маълумоти геологӣ дар марҳилаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок диққати ҷиддӣ дода, ҳамкориро дар ин самт бо ширкатҳои байналмилалӣ вусъат бахшид.
Дар ин бора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори Саридораи геология, иттилоъ дод, ки рақамикунонии маълумоти геологӣ бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани ҳисобот ва ҳисоби захираҳо анҷом дода шуда, мутахассисон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Машварати омӯзишӣ дар якҷоягӣ бо ширкати бритонии “Seeguent” доир гардида, дар он мутахассисони геолог дар баробари омӯзиши геологӣ ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданокро бо барномаҳои компютерӣ ба роҳ мемонанд. Омӯзиши мукаммали барномаи рақамикунонӣ моҳҳои ноябр – декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон гузаронда шуда, ба он тамоми кормандони Саридора сафарбар карда мешаванд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, изҳор дошт, ки ширкати “Seeguent”дар бозори ҷаҳонӣ, ба монанди ширкати “Макрамайн” мавқеи хосса дошта, ҳар ду ширкат барномаҳои ба ҳам монанд истифода мебарад, ки барои мутахассисони мо имконияти интихоб ва кор бо чандин барномаҳоро медиҳад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДМТ
Телевизиони “Донишҷӯ” таъсис ёфт
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ студияи таълимии телевизиони “Донишҷӯ” таъсис дода шуд.
Мақсади асосии таъсиси телевизиони мазкур ба таҷриба фаро гирифтани донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мебошад. Оғоз аз аввали соли хониш донишҷӯёни курсҳои якум дар телевизион ба кор ҷалб карда мешаванд, ки маҳорат ва истеъдоди худро дар ин ҷода сайқал диҳанд.
Ҳоло дар телевизион бештар донишҷӯёни ботаҷриба аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 3-4, ба кор ҷалб гардидаанд, онҳо баъди хатми Донишгоҳ метавонанд дар телевизионҳои ҷумҳурӣ фаъолият намоянд.
Руҳафзо МУРОДОВА
Маҷаллаи илмии «Паёми Сино» ҷаҳонӣ шуд
Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, хабар дод, ки моҳи майи соли ҷорӣ муассиса соҳиби Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ гардид. Дар ин боргоҳ, аллакай, омӯзиши илми вирусология оғоз шудааст.
– Фараҳбахштарин паёми имсол барои мо ба Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда шомил шудани маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино»-и Донишгоҳ (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) мебошад. Он дар Осиёи Марказӣ аввалин маҷалла дар соҳаи тиб гардид, ки ниҳоди маъруфи «Скопус» («Scopus») онро эътироф кардааст, – гуфт ректори Донишгоҳ.
Ҳамзамон, устодони Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ 32 рисолаи илмӣ (се рисолаи докторӣ ва бисту нуҳ рисолаи номзадӣ) ва дар шуроҳои диссертатсионии берун аз Донишгоҳ 12 рисола (як докторӣ ва ёздаҳ номзадӣ), дар маҷмуъ, 44 кори муҳими таҳқиқотиро сомон додаанд, ки натиҷаи бисёр назаррас аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Донишгоҳ соҳиби литсей гардид»
Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз сентябри соли ҷорӣ Литсей барои синфҳои 5-11 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) фаъол мешавад. Литсей 250 хонандаро бо таълим ва 25 омӯзгорро бо кор таъмин мекунад.
Дар ин бора ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар факултетҳои химия, биология ва физика дар остонаи соли нави таҳсил боз 3 лабораторияи наву замонавӣ барои таҷрибаомӯзиву дарсҳои лабораторӣ ба истифода дода мешавад.
– Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби таҷрибаомӯзон 1839 омӯзгор ва аз ҳисоби хатмкунандагони соли ҷорӣ 368, дар маҷмуъ 2201 омӯзгори ҷавонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои фаъолият сафарбар кард, – афзуд ректори Донишгоҳ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР