Овози Ҳабибуллоҳи Бегмуҳаммад ва ё Гурги Бек кайҳост, ки дар гӯшу ҳуши мо хона монда, моро бо худ ҳамнавою ҳамсадо намуда.
Дар байни мардум ӯ ҳамчун сароянда зуд шуҳратёр шуд. Дар ҳама базмҳо, тӯю сурҳо ва идҳо то суруд намехонд, базм намекард, хумори мардум намешикаст.
Овози ба худ хос ва самимӣ дошт. Оҳанги сурудҳояш аз маънии шеърҳо об мехӯрданд, сарчашма мегирифтанд. Вақти сурудхонӣ эҳсос мешуд, ки тамоми вуҷудаш ба тору пуди мусиқӣ мепечад, ҳамнаво мегардад.
Як хислати бисёр ҳамидааш ҳамин буд, ки медонист дар куҷо, ба кӣ чӣ хел суруд хонад, чӣ сон сарояндагӣ кунад. Давра, он инсонҳо дар чархи сурудҳои ӯ гирд мегаштанд, худро маҳви санъаташ медиданд. Ӯ аввало дар кон, таҳи замин кор мекард. Вале суруду мусиқӣ бо Ҳабибулло буд.
- Ку, Гурги Бек, дутора бигир…
- Ҷонта садқа, як-ду суруд бихон, то аз ҳамин торикӣ дунёи рӯшанро бинем.
Ӯ табассум мекарду дуторро ба даст мегирифт. Як-ду суруди андешапарварро мехонд. Баъд ба суруду таронаҳои халқӣ мепайваст. Гоҳо аҳли маҳфилро чунон ба ҷӯшу хурӯш меовард, ки дар ҷойи нишасташон рақс мекарданд.
- Овозта садқа.
- Ҷонам шавӣ.
- Худо туро ба муроди дил расонад!
Ӯ табассум мекард. Чеҳраи гарму симои зебояш нур мегирифт, аз ин суханон, аз ин таърифу тавсиф.
Ӯ дер омад, ба олами санъат, ба дунёи ҳунар дер омад.
Не, дар дунёи ҳунар буд, вале касби дӯстдоштааш санъатро дар мадди аввал намегузошт. Ба дигар корҳо умри хешро сарф мекард. Вақте ки санъатро касби асосӣ донист, аллакай, марди пухтарасида, солору зиндагиандӯхта гардида буд.
Аввал дар Телевизиони вилояти Хатлон ба сифати сароянда ба кор оғоз кард. Ҳунараш, санъати хосаш ӯро соли 2001 ба ансамбли овозадори «Дарё» овард. Ҳабибуллои Бекмуҳаммад бо кулвори холӣ наомад, бо суруду таронаҳои бешумор омад. Чанд соле, ки фаъ-олият намуд, силсилаи суруду таронаҳояшро сабт карда, ҳамаро ба ҳайрат овард. Ӯ худ дарё буд, дарёи суруду тарона, дарёи ҷӯшони ҳунару ҳунарварӣ ва овозхонӣ.
Акнун ӯро қариб тамоми одамони ҷумҳурӣ шунид ва ба санъаташ меҳр баст. Сабку услуби хосаш ӯро маҳбуб намуд. Санъаташ сарҳад надошт, бо ҳар тарз, ҳар ранг ҳунарнамоӣ мекард. Ҳам халқӣ мехонд ва ҳам дар ҳавои сурудҳои классикӣ зебо месароид.
Сурудҳои «Водии ишқ», «Шаҳди шеър», «Шамшери ишқ», «Шукрона мекунам», «Дар роҳи ишқ», «Чархи фалак», «Хами зулф», «Эй ёр» ва ғайра номи хунёгарро ба ҳама гӯшаю канори кишвар бурданд.
Ба назар чунин мерасид, ки Ҳабибуллои Бекмуҳаммад шабу рӯз заҳмат мекашад, мехонаду эҷод мекунад, эҷод мекунаду аз машқ лаҳзае боз намеистад. Охир аз як Ҷалолиддини Балхӣ 20 ғазалро оҳанг баста, сароидан ва аз Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ қариб сӣ ғазалашро аз худ намуда сароидан танҳо ба истеъдоди баланд ва шахси худодод даст медиҳад. Дигар он, ки ғазалҳо ба як оҳанг иҷро намешуданд.
Ӯ хазина буд…
Соли 2004 ба ансамбли давлатии «Фалак» гузашт.
Дар ин ҷо боз хешро некутар дарёфт. Беҳтарин силсилаи сурудҳояшро дар ин ансамбл эҷод карду сабт намуда, ба «хазинаи тиллоӣ» супорид… Ҳунараш ба авҷи баланд мерасид.
Гарчанде дар авҷи эҷод буд, ба нафақа баромад. Вале аз эҷод канора намонд, сурудҳояшро пайваста тайёр ва сабт мекард.
Чи хуш, ки фарзандаш пайроҳаи падарро гирифту ҳунари ӯро идома медиҳад. Ӯ шод буд, аз фарзанди ҳунармандаш Баҳриддин, ки дар ансамбли давлатии «Фалак» фаъолият дорад.
Дутор хомӯш, фарзандон ба он менигаранду мегӯянд:
Падар рафту дутораш хаста-хаста,
Бинолад дар барам армон шикаста.
Бувад барҷо ҳама тори дутораш,
Вале тори ҳаёти ӯ гусаста.
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ