Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро пиромуни бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар мисоли шаш моҳи соли ҷорӣ чунин иброз кард:
– Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас ҳамвора саъю кӯшиш менамоянд.
ИҶРОИ БУҶЕТ ВА РУШДИ КИШОВАРЗӢ
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) 104,2 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 46 миллиону 883 ҳазор сомонӣ 48 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 110 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 16 миллиону 483 ҳазор сомонӣ 18 миллиону 131 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 175 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 179 миллиону 947 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва асал барзиёд иҷро гардид. Дар ноҳия дар майдони 805,2 гектар ғалладонаи тирамоҳӣ ва 965,2 гектар ғалладонаи баҳорӣ кошта шуд, ки нисбат ба нақша мутаносибан 59,8 ва 33,2 гектар зиёд аст.
Кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар картошка кишт карданд, ки 104,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3414 гектар кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба нақша 214 гектар зиёд мебошад. Майдони боғоти ноҳия 5173 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 4914 гектараш боғи ҳосилдеҳ аст. Нақшаи бунёди боғҳои нав дар соли 2023 иҷро шуд.
САНОАТ ВА СОХТМОН
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17 миллиону 871,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бунёди 21 корхонаву коргоҳ, аз ҷумла дар соли 2023 таъсиси 5 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ, дар назар аст.
Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 30 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10-то зиёд мебошад.
Барои бештар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дошта, дар ин замина, тибқи қарорҳои раиси ноҳия аз 3 марти соли 2022, № 123 ва 1 майи соли 2023, № 219 шумораи иншооти бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба 275 адад расонда шуд. Яъне, 72 иншооти иловагӣ ба нақшаи қаблӣ зам гардид.
Аз шумораи иншооти зикргардида давоми соли 2022 ва 6 моҳи соли равон 88 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар 117 иншооти дигар корҳои сохтмону ободонӣ идома доранд.
МАОРИФ
Дар ноҳия 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 17 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 30619 хонанда, ки 14794 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд, 3 боғчаи бачагона ва 70 маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, инчунин, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва Литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд.
Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Нав-рӯз– 2023 биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Зарифӣ, №86-и деҳаи Қалъаи Мақсуд ва боғчаи бачагона дар деҳаи Ҳоит, ки сохтмонашон аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ ба анҷом расонда шуд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, дар назди 13 муассисаи таҳсилоти мёнаи умумии ноҳия сохтмони биноҳои наву замонавии таълимӣ идома дорад.
КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА
Дар ноҳия шумораи занон 68 ҳазору 672 нафарро ташкил медиҳад, ки 35 ҳазору 893 нафараш қувваи қобили меҳнат мебошад. Аз ин шумора, дар соҳаҳои маориф 466 нафар, тандурустӣ 435, фарҳанг 62, бонкдорӣ 30, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15, рушди соҳибкории хурду миёна 121 нафар фаъолият дошта, дар корҳои мавсимӣ бошад, беш аз 30 ҳазор нафар ба меҳнати музднок ҷалб карда мешавад. Аз 1444 нафар зани коргар 170 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, 19 нафар хизматчии давлатӣ ва 68 нафар роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.
Роҳбарияти ноҳия саҳми занону бонувонро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мусбат арзёбӣ мекунад.
Аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 30 зани эҳтиёҷманд ёрии молиявӣ расонда шуд. Дар ин давра, тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 217 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб фаро гирифта, 73 нафар бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Шумораи ҷавонони ноҳия 42500 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 134 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият дорад. Дар арафаи Ҷашни 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Ҷафр майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд.
Айни замон сохтмони майдонча ва толорҳои варзиш дар деҳоти ноҳия идома дорад. Варзишгарони ноҳия дар 7 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 39 медал (8 тилло, 10 нуқра, 21 биринҷӣ) гаштанд. Зимни иштирок дар 17 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ бошад, 57 медал (14 тилло, 20 нуқра, 23 биринҷӣ) ба даст оварданд.
САЙЁҲӢ
Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ аст. Дар ноҳия имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошанд.
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва соҳили кӯли калони деҳоти Аскалон пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз шуданд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия 10 хатсайри нав таҳия ва ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муаррифӣ мешаванд. Дар натиҷаи таҳияи хатсайрҳои нав ва таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ҳамасола ташрифи сайёҳон ба ноҳия меафзояд.
Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи маълумоти оморӣ, ба ноҳия 1890 сайёҳи дохилӣ ва 163 сайёҳи хориҷӣ ворид гардидааст.
Раиси ноҳия дар хотимаи суҳбат гуфт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои сокинони заҳматпеша дар ноҳия соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ босуръат рушд доранд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мардуми ноҳия сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, барои рушду шукуфоии ин гӯшаи зебои кишвари азизамон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
”Ҷумҳурият”