Дар намоишгоҳи рассомони шаҳри Намангон таҳти унвони “Экология ва сулҳу субот – кафолати рушди ҷомеа” намоиши асарҳои рассомон Эводулло Абдуллоев ва Мамасолӣ Аҳмедов баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи намоиш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур, фаъолони Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷикони Намангон ширкат доштанд.
- Ин намоиш бо ҳадафи тарғиби сулҳу субот, ҳифзи экология ва муҳити зист роҳандозӣ шудааст. Чунки пойдории сулҳ барои рушду ривоҷи ҷомеа ва тараққиёт омили хеле муҳим ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар Ӯзбекистон, мисли Тоҷикистон сиёсати таҳаммулпазирӣ ва ризоияти байни миллатҳои он татбиқ мегардад. Хоссатан, дӯстиву рафоқати байни ӯзбекҳову тоҷикон, ки таърихи дуру дароз ва қадимиро касб менамояд, беш аз пеш мустаҳкам мегардад. Мо дар мисоли робитаҳои фарҳангӣ шоҳиди таҳкими ҳамкорӣ ҳастем, - изҳор дошт раиси Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур.
- Ман бори севум аст, ки ба ин вилояти зебою мардумаш меҳмоннавоз ва самимӣ сафар мекунам. Устоди бузургвор Сотим Улуғзода, ки дар адабиёти навини тоҷик ҷойгоҳи хосеро ишғол менамояд, маҳз зодаи ин вилоят мебошад. Иштирок дар маросими ифтитоҳи намоиши боз як рассоми тоҷики вилояти Намангон бароям ифтихори бузург аст. Боиси сарфарозӣ низ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои рушду ривоҷи забони тоҷикӣ, расму оин ва анъанаҳои мардуми тоҷик шароити созгор мавҷуд аст, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. Ба таъкиди сафир вилояти Намангон аз қадим ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи фарҳангу ҳунар дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шудааст. Имрӯз ин анъанаи неки худро дар самтҳои гуногун идома медиҳад.
«Баҳори Чотқол», «Себи Намангон», «Баҳри Арал - дарди ман, дарди ҳамаи мо», «Муҳофизати табиат кори умум аст», «Обро сарфа кунед!" ва суратҳое, ки дар жанри плакат тавассути мӯқалам кашида шудаанд, ҳиссиёти тоза нигоҳ доштани муҳити зист, муҳофизат намудани олами ҳайвоноту наботот, даъват барои сарфаи об, инчунин, инъикоси мушкилоти ҳавзаи Аралро ба риштаи тасвир кашидаанд.
- Ин намоиши сеюми асарҳои банда мебошад. Ин ҷо ҳудуди сад асар ба маъраз гузошта шудааст. Аз таваҷҷуҳи меҳмонон ва як қатор рассомон нисбат ба осорам хеле хурсанд ҳастам, - гуфт Эводулло Абдуллоев.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”