Ҷони худро кардаӣ шаш пора ту,
Пораҳое, ки баробар бо ҳаманд.
Пораҳое, модарам, бо меҳри худ
Заррае аз ҳам на бешу не каманд.
Хонаи ободи шаш фарзанди ту
Дар назар шаш қитъаи рӯи Замин.
Гӯиё, эй модарам, бинмудаӣ
Хешро пайванди шаш сӯи Замин.
Баҳру уқёнусу дарёҳо агар
Қитъаҳоро кардаанд аз ҳам ҷудо.
Қитъаҳои ту ба ҳам пайвастаанд
Бо равону бо тавону бо вафо.
Қитъае андар замин ях бастааст
Солҳои сол бефайзу самар.
Қитъаеро зиндагонӣ дарҳам аст,
Қитъае пурмоҷаро, пуршӯру шар.
Қитъаҳои ту ҳама сабзанду соз,
Хурраму ободу бофайзу сахо.
Аз ҳама шӯру шаре бегонаанд
В-аз ҳама азҳамҷудоиҳо ҷудо.
Дар кушода сӯи ту аз шаш тараф,
Шаш тараф, модар, зи файзат баҳраёб.
Ҳамчу бар сӯи Замин, бар шаш тараф
Рӯи ту бошад чу рӯи Офтоб.
БОРИ МУҚАДДАС…
(Ҷавоне дар кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат чандин сол модари пирашро ба дӯши хеш бардошта мегашт)
Ба дӯшаш ҳар сабоҳе модари пир,
Миёни ҷодаҳо раҳ мебарад пеш.
Гаронбор асту аммо аз гаронӣ
Наорад шиквае ӯ бар лаби хеш.
Хамида қомати ӯ зери бораш,
Вале дар лаб варо бошад табассум.
Чи бо чашмони ҳайратзо зи ҳар сӯ
Ба сӯяш дида медӯзанд мардум.
Яке хонад ҳазорон офаринаш,
Дигар гӯяд ба ӯ аҳсанти бисёр.
Худоё, бо чунин меҳру муҳаббат
Зи дасти кам варо умре нигаҳ дор!
Ба дӯши бас касон бор аст, шояд,
Кӣ ҳар кас бори худ қимат шуморад.
Валекин як ҷаве ҳам бори эшон
Ба пеши бори ӯ қимат надорад.
НАБАРД
Бидидам модаре беҳол хуфта,
Ба давраш кӯдакони ӯ нишаста.
Ту гӯӣ кӯдаконаш ғураҳоянд
Ва модар ҳамчунон нахли шикаста.
Ҳама коҳида ранги кӯдаконаш
Ва ҳам коҳида ранги рӯи модар.
Ба он ранге, ки ҳар нахли фитода
Хазон гардад зи сар то по баробар.
Кушода гоҳ-гаҳ чашмони худро,
Кунад бар ҳар ҷигарбандаш назора.
Бидида ҳоли зори ҳар якеро,
Бипӯшад дидагонашро дубора.
Бувад аз кӯдакони худ хавотир,
Агарчи ҷони ӯ дар чанги дард аст.
Ту гӯӣ баҳри худ не, баҳри онҳо
Ба дарди худ хамӯш андар набард аст.
МАНЗАРА
Шомгоҳон аз паси кӯҳи баланд
Чун намоён мешавад моҳи мунир,
Кӯҳ чун гаҳвора асту Моҳ мом,
Медиҳад бар кӯдакаш гӯё ки шир.
Лаҳзае аз кӯҳ боло мешавад,
Мом хезад гӯиё аз ҷои худ.
Кӯдаки ӯ то кунад осуда хоб,
Нармаку оҳиста монад пои худ.
Меравад ӯ, меравад, дар ҳар қадам
Мекунад гӯӣ ба дунболаш назар.
То нахезад кӯдакаш аз хоби ноз,
То нагиряд, ӯ намонад бехабар.
Абдусаттори РАҲМОН