Агар аз хишти тилло қаср созӣ,
В-агар аз санги хоро шаҳр созӣ.
Наёбӣ дар ҷаҳон як зарра файзе,
Агар модар набошад аз ту розӣ.
Оре! Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии ҳамаи мост. Ҳар касе, ки арзишу ҷойгоҳи модарро медонад, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Меҳри беҳамтову бепоёни модар ба мисли Хуршеди оламгир аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад.
Бӯрипошо Хайруллоева, модари 113-сола, сокини деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳамчун модари бузургсолтарин, зани боҷасорат, матиниродаву қавӣ, заҳматкашу фидокор имрӯз ба ҷуз аз бузургсолӣ, инчунин, бо сарнавишт ва корномаҳои худ вирди забони пиру барнои деҳу шаҳр гаштааст. Ӯ дар тули ҳаёт баробари таъмини оила, тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон аз бодҳои ҳаводис, ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлуи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст.
Бӯрипошо дар деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб таваллуд шуда, солҳои муҳоҷиршавӣ ба деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав кӯч баст. Пеш аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор кӯчида, то ҳол дар ҳамин деҳа иқомат дорад. Ӯ шахси бадавлат аст, яъне соҳиби чор писар ва як духтар, 31 набера, 80 абера ва 12 чабера. Ин аст, ки имрӯз дар ҳалқаи фарзандон, набераву абера ва хешу ақрабо бо шукргузорӣ аз сулҳу субот давлати пирӣ меронад.
ҲАР АМАЛЕРО ПОДОШЕСТ
Бӯрипошо аз хурдсолӣ дар кӯраи меҳнат обутоб ёфтааст. Ӯ аз нимаи дуюми солҳои 1930 дар колхози «Тоҷикистони сурх», ки баъдан «Сталин», сипас, «Дзержинский» ном гирифт, фаъолият кард. Бахусус, дар солҳои ҶБВ барои ба даст овардани ғалаба бар душманони нопок дар ақибгоҳ саҳми худро гузоштааст. Азбаски фикру андешааш танҳо ба кор банд буд, ӯро раиси занон интихоб намуданд. Ӯ ва ду бонуи пешқадами ноҳияро муваззаф намуданд, ки дар ақибгоҳ барои ҷанговарон ёрӣ расонанд. Ин се зани қавиирода ҳамарӯза маҳсулоти зарурӣ, аз қабили либос, пӯст, пашм, гӯшт, равғани зард, мӯза ва чизеро, ки аз аҳолӣ ҷамъ мекарданд, ба пойтахт, баъдан ин маҳсулотро аз шаҳр бо вагон ба фронт мефиристоданд. Ӯ ба ҳайси вакили халқ чандин маротиба пешбарӣ ва интихоб шудааст.
– Дар хоҷагии «Тоҷикистони сурх», асосан, чигит кишт мекардем, каланд мезадем, киштзорро хишоваву ягона намуда, об медодем. Он вақт духтари 16-сола будам. Дар як рӯз аз 200 то 300 кило пахта мечидам. Заҳмати ман аз чашми роҳбарони хоҷагӣ дур намонд. Ҳамчун колхозчии пешқадам дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР дар шаҳри Москва иштирок намудам ва бо Ифтихорнома қадр шудам - мегӯяд бибии Бӯрипошо давраҳои ҷавонии худро ба ёд оварда.
Аз се бор ба шаҳри Москва рафтанаш низ, қиссаҳои пурзарофате дорад. Аз он рӯзҳо хотираҳои зиёди фаромӯшнашаванда дар хотирааш нақш бастаанд: «Рӯзи якуми сайру тамошои шаҳр чанд ҳамроҳамон «гум» шуданд. Роҳбари гурӯҳ гуфт, ки фақат як куртаатонро пӯшед, ки онро дида шумоёнро гум накунем. Ҳамин тавр, ман тайи чанд рӯзе, ки он ҷо будам, фақат бо як курта ба тамошо мебаромадам».
ЯК ҚУТТӢ ГӮГИРД ВА КАМЕ ЧОЙИ ХУШК
БАР ИВАЗИ ҲАҚҚИ МЕҲНАТ
Бибӣ ба нақл идома бахшид: «Мо ҳамроҳи занон, мардон ва бачаҳо ба кандани канали калони Ҳисор шуруъ намудем. Хокро бо занбар мекашондем ва дуртар аз соҳил мебурдем. Аксари одамон хокро ба халтаҳо андохта, пуштора карда, ба беруни соҳил мебароварданд. Кор осон набуд, хусусан барои занон. Лекин, мехоҳам як чизро зикр намоям, мо он вақт маош талаб намекардем, намегуфтем, ки бар ивази кори миёншикан дучанд музд диҳанд. Мақсади мо танҳо зудтар ба анҷом расондани кор ва шодобии замин буд. Моро бо хӯроки гарм таъмин мекарданд. Инчунин, ба заноне, ки дар кандани канал пешқадам буданд, як қуттӣ гӯгирд ва камтар чойи хушк медоданд. Ҳамин туҳфа ҳам занонро хеле ҳавасманд мегардонд ва медидем, ки рӯзи дигар сафи занони пешқадам бештар меафзуд».
КОР ДАР БОҒЧАИ КӮДАКОН
Баъди бунёди канал, занони хоҳишмандро барои таҳсил ва соҳибмаълумот гардидан даъват мекунанд. Бӯрипошо низ ин хоҳишро пазируфта, ду сол ба хониш фаро гирифта мешавад. Соҳибмаълумот гардидан боиси он шуд, ки ӯ ба вазифаи мудири боғчаи кӯдакони колхози ба номи Жданов таъин гардад ва то давраи нафақагирӣ дар ҳамин вазифа буд.
– Он замон нақлиёт набуд. Ғизои кӯдаконро аз боғчаи хоҷагӣ ба хар бор карда, ба якчанд деҳаҳои гирду атроф, ки дар мавсими кор кӯдаконро дар боғчаҳои мавсимӣ дар саҳро нигоҳ медоштанд, мебурдам. Инчунин, чанд нафар кӯдакони бепарасторро дар хонаи худ нигоҳубин мекардам.
СИРРИ ДАРОЗУМРӢ
Аз суҳбат бо ин бибикалони солор ва хушсухан аён гашт, ки ӯ аз андешае, ки то вохӯрӣ дар тасаввуроти мо нисбат ба вай доштем, тамоман дигар аст. Ба рӯи ҳавлӣ озодона баромада, гаштугузор мекунад, ба хонаи хешу табор ба меҳмонӣ меравад. Ҳоло ҳам мехоҳад ба ягон кори хона машғул шавад. Хандаҳои зебои фараҳбахш дорад. Кас мехоҳад соатҳо бо ӯ ҳамсуҳбат гашта, аз рӯзгори гузаштагон огаҳ гардад.
– Пайваста ҳаракат карданро дӯст медорам, сайру саёҳат низ ба ман писанд аст. Дар ҷавонӣ кору бори хонаро зуд ба анҷом расонда, ба саҳро мебаромадам. Водии сабзу хуррами Ҳисор, дашту даман ва ҳавои тоза баҳри дили одамро мекушояд, ҳатто хастагиро ҳис намекунӣ. Меҳнат касро хушҳолу тавоно мекунад.
Агар аз хӯроке, ки бештар истеъмол мекунам, пурсед, гӯшти гӯсфандро бисёр меписандам. Одатан, гӯштбирён ё худ кабоби гӯсфандӣ мехӯрам. Гӯшти гӯсфанд ба кас қуввату дармон мебахшад, ба неруи кас боз неруву ғайрат зам мекунад. Имрӯзҳо баъзе одамон фишорам баланд мешаванд гуфта, гӯшти гӯсфанд намехӯранд. Хушбахтона, ман на фишори баланд дораму на қанд, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Корномаҳои бибии тозакор Бӯрипошоро шунида, беихтиёр чунин суханҳо ба забон меоянд: зиҳӣ модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру вафои беканор, ки бузургони олам пешат сари таъзим фуруд меоранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»