Алиризо дар рейтинги ҷаҳонӣ ба зинаи якум баромад
Паҳлавони навраси кишвар Алиризо Баҳромов (-68кг) дар рейтинги Иттиҳодияи ҷаҳонии гӯштӣ аз риштаи гӯштии тарзи озод миёни наврасон ба садри рӯйхат баромад. Дар ин бора сармураббии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод Сорбон Абдулҳаев иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Алиризо дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни варзишгарони то 15-сола (Уммон, Урдун) нишони биринҷӣ гирифта буд.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023
Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ муайян шуданд
Дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Истиқлол» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Эсхата», «Моҳир» бо «Хатлон» ва «Ҳосилот» бо «Равшан» барои роҳ ёфтан ба нимфинал мубориза мебаранд.
Тибқи иттилои ФФТ, бозиҳо 26 ва 27 август баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки вохӯриҳои даври 1/4 ниҳоӣ аз як бозӣ иборат мебошад. Дар нимфинал бошад, дастаҳо дар хона ва дар сафар қувваозмоӣ мекунанд. Зӯрозмоии финалӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
ТЕННИС
Зверев дар ватанаш пирӯз гашт
Теннисбози олмонӣ Александр Зверев дар бозии ҳалкунандаи мусобиқаи ATP-500 (Гамбург, Олмон) Ласло Ҷереи сербиро бо ҳисоби 2:0 (7:5, 6:3) шикаст дода, ғолиб гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи sportrbc.ru, барои Звереви 26-сола ин 20-умин ҷоиза дар мусобиқоти Ассотсиатсияи теннисбозони касбӣ (ATP) ба ҳисоб меравад.
Мураббии нави итолиёвӣ дар АФ “Ювентус”-и Тоҷикистон
Ба Академияи футболи “Ювентус” дар Тоҷикистон мураббии нави итолиёвӣ – Пер Марио Лакку, ки дорои литсензияи UEFA B мебошад, ҷалб гардид, – хабар медиҳад Академия.
Ин мутахассис қаблан дар академияҳои футболи “Милан”, “Интер”, “Фиорентина” ва “Каляри” фаъолият намудааст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш