31 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат!
Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.
Вобаста ба ин талафоти гарон, ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
31 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхва ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Мо ин амалкарди золимонаи ғайриинсониро қотеона маҳкум карда, зарурати таъхирнопазири муборизаи беамони муштаракро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм боз ҳам таъкид менамоем.
Ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем”.