Ҳар қадар дар бораи бузургии модар меандешам, ҳамон қадар дар ҳайрат мешавам. Бо ин ҳама ранҷу машаққати рӯзгор боз ҳам меҳрубону зебову гуворо боқӣ мондааст. Баъзе бонувонро ғаму дард мефишораду гоҳо дағал, дурушт ва номеҳрубон мекунад, аммо ин раванди бетараҳҳуми зиндагӣ ба модари ман, - фариштаи хокии ман бегона аст.
Ӯ бо вуҷуди он ки 33-сола падари моро аз даст додаву бо 6 фарзанди ноболиғ, яке дар даст 9-моҳа монд, аммо нашикаст. Дил ба меҳри фарзандон доду вораста шуд. Ҳазор сипос аз Худованди ҳамадон, ки моро аз пушту камари чунин падаре офарида (Ёдаш гиромӣ бод!). Умри кам диду ман ӯро надидам, аммо хотираҳои бешумори пуризтиробе дорам бо ӯ, ки аз забони модар шунидаам ва оянда бо ашку хун хоҳам навишт.
Модари танҳои мо мардона бо ғуссаҳо даст ба гиребон шуд. Балоҳоро бо дуоҳои сабз андар сабз аз даргоҳи танҳоии худ меронд. Намегузошт, ки онҳо ба ҷони мо - ҷигаргӯшаҳояш кора кунанд. Ҳама зарбаҳои ҷонкоҳ, аз ҷумла таънаи нокасон, чашми бади номардон, ранҷи тоқатфарсо, бедорхобиҳоро ба ҷони худ гирифт ва моро латифу ширин бузург кард.
Ба бахти мо, ҳазорон шукр, санҷиши бахт бобарор омад. Падарандари меҳрубон ва ҷавонмарде насибамон шуд. Маро аз духтари хеш, аз ҷонпайванди хеш кам намедид. Меҳрубониҳояш ҳанӯз дар руҳи ман садо медиҳанд. Ӯ ҳам чанде пеш гузашт, ки ёдаш гиромист.
Модарам, эй нозанини бемонанд, сари гаҳвораи ман алла гуфта, қисмати талхи худро ба ёд оварда, бо Худо роз мегуфтааст. Ба қавли худаш "як шикамсерӣ гириста боз миёнашро маҳкам баста, аз пайи ризқу рӯзии фарзандҳо мешуд ва ҳамин гуна пир шуд".
Барои ман ӯ ҳам модар буд, ҳам падар. Дар зиндагӣ қаҳрамон намеҷӯям, қаҳрамони ҳамешагии ман модар аст. Ростӣ, модарам рамзи Ватан аст, ҳар куҷо будам, чеҳраи нуронии ӯ маро ба худ овард ва роҳи сабзу мунавварро нишон дод.
Ҳар гоҳ агар мушкилиҳо ҳамла мекарданд, ӯ мегирист. Гиря сипараш буд. Бо ашкҳои сӯзон ғамҳоро меронд ва каме хешро сабук эҳсос мекард.
* * *
Имрӯз бо ту ғоибона дар гуфтугӯ мешавам. Ёдат ҳаст, барои дар мактаби олӣ таҳсил кардани ман чӣ қадар ҷонбозиҳо кардӣ, мехостӣ духтарат соҳиби диплом шаваду ормонҳои ту бишканад. Бо Квотаи президентӣ таҳсил карданам боз як афсонаи дигар аст, ки ниҳоят маро ба дидору мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонд. Духтари бо ашк парвардаат номзади илм шуд, дуои Президенти кишварро гирифт.
Ростӣ, Ватанро бо ту бишнохтам, ту бо муҳаббати бепоён ишқи Меҳанро ба дилам ҷо кардӣ, ту мегуфтӣ: «Гулам, хонда дунёро бин, ин диёри мо калон аст, аз ҳама ҷои он ёру дӯст ёб, ин хоку об хоку оби ҳазорон духтароне чун ту ҳам аст». Ин аст, ки шоир фармуда:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Модар! Баъди он ки бузургтар шудем, медидам, ки пинҳонӣ аз мо мегиристӣ, ғаму дардро ба Худо мегуфтӣ. Аз оғӯши мо, аз накҳати мо падари шодравони моро шояд ёд мекардӣ. Аз дидори мо хумор мешикастӣ, бо он ҳама алами дил боз шукрона ба лаб доштӣ, ки моро доштӣ!
Ҳама ҷавониятро барои мо бахшидӣ, баҳори рӯзгори хешро фидои мо кардӣ, то мо аз чизе кам набошем. Ман бошам, дар ғаму андуҳ зери аллаҳои пураламат калон шудаам. Баъзе вақт ман, духтари ноздонаи ту фикр мекунам, чӣ коре кунам, то як лаҳза вақтатро хуш дорам?!
Оё метавонам аз ҳазор як ғами туро кам кунам? Оё метавонам гули хандаро як рӯз дар рухсораи ту бубинам? Фидои қарси сафедат, ки умре дар сарат аст. Ҳоло ҳам ғам дориву хотираҳои талх, ашк дориву дили реш, вале ошкор намекунӣ. Ба он андеша, ки мабодо фарзандонамро ғамгин кунам, аз дил мегузарондӣ: «Онҳо садҳо ташвиш доранд, кору бори худашон кофист».
Модарҷон, охир моро бо ин қадар интизориҳо бузург кардӣ, чаро дилатро холӣ намекунӣ? Чаро ба мо ҳасрати худро ифшо намекунӣ? Бо гузашти солҳо таҳаммули ту кам намешавад, ту бо бузургворӣ, бебаҳоӣ, нотакрорӣ, намехоҳӣ, ки ба касе аз ту озоре расад.
Азизам, озори моро ин қадар солҳо таҳаммул кардиву боз меандешӣ, ки аз ҳасрати ту ба мо озор мерасад? Ҳаргиз!
Ҳама дардҳои талху ширинатро бо мо ба ҳам бин. Хандаҳои туро мехоҳем, табассуми илоҳии туро мехоҳем!
Умрат дароз бод, Худованд имкон диҳад, то мо такрор ба такрор дар хидмати ту бошем! Эй муниртарин чеҳрае, ки Ватанро ба ёдам меоварӣ!
Аё модар, бимирам дар нафасҳот,
Ки дунё бо дуоҳои ту боқист.
Намирад ҳеҷ гаҳ дунё зи офат,
Дар ин дунё чу дунёи ту боқист!
Матлуба ИЗЗАТОВА, номзади илмҳои педагогӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон