Филми бадеии «Мелодия»-ро, ки Муассисаи давлатии “Телевизиони «Сафина» дар ҳамдастӣ бо ширкати телевизиони «Намо»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба навор гирифтааст, барои дарёфти ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоизаи «Оскар», пешниҳод карданист.
Дар ин бора Карими Азиз, муовини директори ин шабака дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа хабар дод.
Ёдовар бояд шуд, ки «Сафина» чанде қабл филми мустанади «Бабри барфӣ»-ро бо ҳамкории синамогарони Ҷумҳурии Корея рӯи навор овард, ки он ҳам ба ҷоизаҳои муҳими мустанадӣ пешниҳод мешавад.
Кормандони ТВ «Сафина» дар таҳияи филмҳои телевизионӣ, мустанад ва бадеӣ таҷрибаи ғанӣ доранд ва филмҳои «Автобус», «Ношунаво» аз маҳсули дасти онҳост.
БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ»
Аз 3 то 5 октябри соли равон дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, хабар дод.
Иброз гардид, ки Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд гузарондани ин чорабинии муҳим омодагӣ дида истодааст. Намоишгоҳ бо иштироки васеи ноширон ва адибону муаллифони бештар аз 20 кишвари хориҷ баргузор хоҳад гашт.
«БИШНАВ АЗ НАЙ…»
Паём аз маҳфили Осорхонаи миллӣ
Ба ифтихори бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири оламшумули тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили илмиву адабии «Бишнав аз най…» баргузор шуд.
Дар маҳфил барномаҳои гуногун, аз ҷумла қироати ашъори безаволи Мавлоно, замзамаи сурудҳо ва намоиши саҳнаҳо аз рӯзгори ӯ, ҷолибу хотирмон буданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон дар мавзуи «Нусхаҳои дастнависи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно дар осорхонаҳои Тоҷикистон машварату мунозираҳои илмӣ оростанд.
Ҳадафи асосии маҳфил ҳифзу муаррифии осори безаволи Ҷалолиддини Балхӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияти ин нобиғаи бузург мебошад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»