Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва омӯзиши таҷрибаи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ таҳти ҳамин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар оғози конфронс котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Маҳмадизода оид ба саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар рушду густариши туризм сухан ронда, имкониятҳои вилоятро дар пешрафти ин соҳа мусоиду самарабахш арзёбӣ намуд. Сипас, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот оид ба имкониятҳо ва дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ибрози назар кард. Раиси вилоят саҳми ниҳоят бузурги Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди бесобиқаи соҳаи сайёҳии кишвар махсус таъкид кард. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва заминаҳои сохтории соҳаро таъсису ташаккул дода, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуд. Дар ин росто, таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Дар Паёми навбатӣ Ҷаноби Олӣ зикр намуданд, ки солҳои охир дар заминаи чораҷӯиҳои муассир ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо пайваста меафзояд.
Гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар вилоят равнақ ёфта, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 2 ҳазор сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои дидании вилоятро тамошо кардааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гуногунрангии иқлимию ҷуғрофӣ ва фарҳангии худ имрӯз ба яке аз маконҳои ҷолиб ҳам барои сайёҳони хориҷӣ ва ҳам дохилӣ табдил ёфтааст.
Таъкид рафт, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои 2022-2026 эълон гардидани Солҳои рушди саноат ва иқдоми наҷибонаи Роҳбари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят танҳо дар яку ним соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 600 иншооти таъиноти гуногун, ки бештарашон барои равнақи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд намуд, бунёд гардида, то охири сол боз зиёда аз 400 объект мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Алалхусус, кор дар ду объекти стратегӣ: таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма ва бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа давом дорад. Гузашта аз ин, сохтмони дигар иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, боғҳои фароғатию истироҳатӣ, марказу бунгоҳҳои саломатӣ, осорхонаҳо, осоишгоҳҳо, таҷдиди ҷойҳои таърихӣ, бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар корҳои созандагӣ шароити беҳтари ҷалбу қабули сайёҳонро муҳайё хоҳанд кард. Имрӯз дар вилоят 51 ширкат дар соҳаи туризм фаъолият мекунад.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода оид ба дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рушди соҳаи сайёҳӣ сухан ронд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот конфронси илмӣ-амалиро ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки пешниҳодҳои манзургардида дар ҷаласаҳои назди раиси вилояту муовинони сарпараст мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегиранд. Барои пешбурди кор нақшаи мукаммали чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳия мешавад ва корҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. Сипас, конфронси илмӣ-амалӣ кори худро дар панелҳо идома бахшид.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”