Таҳлилҳои сершумори гузарондашуда маълум карданд, ки аз ҳисоби зарбаи оби воридшаванда аз баландии обфуромада дар неругоҳҳои барқи обии амалкунанда фишори (напор) об, энергияи механикӣ ва энергияи электрикиро ба таври лозимӣ барпо менамояд. Генератори барқистеҳсолкунандаи дар НБО шинондашуда бошад, аз рӯи талаботи формулаи N=Qx9,81xНxt тартибдодашуда аз энергияи электрикии барпошуда аз даҳ як ҳиссаашро ба фоидаи кор мегираду нуҳ ҳиссаи дигар ба оби бузург ҷорӣ мешавад.
Барои равшанӣ андохтан ба ин раванд, муаллиф як агрегати неругоҳҳои амалкунандаро, ки оби воридмешудаи он 100 м3/с, баландии обфуро 54 м, ККФ 0,94 ва барқи истеҳсолкардаи он 49,8 мВт мебошад, ба ихтиёр гирифта, ҷараёни барқистеҳсолкунии неругоҳро таҳлил намуд.
Барои ба фоидаи кор ҷамъбаст кардани ҳамаи барқи истеҳсолшаванда ба мо тартиб додани формулаи махсус зарур шуд, ки ба ёрдами он генератори барқистеҳсолкунандаи иқтидораш ҳақиқӣ буда сохта, ба ҷойи генератори амалкунанда шинонда шавад.
Ҳалли масъала: формулаи миқдори фишори обро аниқ кардан истифода мебаранд N=Qx9,81xНxt ба иқтидори 1м3 м2 сония фишори об (13,3х0735,5) =9,8 кВт) мебошад зарб дода N=(Qx9,81xНxt)х 9,8 кВт формулаи махсус барои иқтидори ҳақиқии генератори барқистеҳсолкунандаро аниқ мекунад тартиб дода шуд ва номаш формулаи навтаъсис номида шуд. Q – оби воридмешуда, 9,81 – суръатнокии афтиши озод, Н – баландии обфуро, t – ККФ ва 9,8 кВт иқтидори 1 м3 м2 сония фишори об. Коркунии формула санҷида шуд. Миқдори оби воридмешуда 100м3 ва баландии обфуро 54 м, ККФ 0,94 аз агрегати ба ихтиёр гирифташударо ба формула шинонда N=(100x9,81x54x0,94) х 9,8 кВт=488 мВт барқ ҳосила буромад ва баробар будани он ба миқдори барқи истеҳсолмешудаи (487,1 мВт) дар боло зикргардида ба ман боварии комил бахшид, ки генератори аз рӯйи талаботи формулаи навтаъсис тартибдодашуда ҳамаи барқи истеҳсолшавандаро ба фоидаи кор ҷамъбаст карда метавонад (Ба амалиёт мегузарем). Иқтидори аниқкардашударо, ки 488 мВт мебошад ба завод бурда, ба генератори барқистеҳсолкунандаи аз нав сохташаванда шинонда, (албатта, дар завод турбогенератор ва роторро ба иқтидори генератор мутобиқ карда, аз нав месозанд) баъд онҳоро аз завод оварда, ба ҷойи генератори амалкунандаи агрегати ба ихтиёр гирифтаамон шинонда, неругоҳро аз нав ба кор сар диҳем НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад аввалин дар Тоҷикистон қомат рост карда, ба ҷойи 1 кВт барқи истеҳсолшаванда 9,8 кВт барқ истеҳсол мегардад.
Ғояи барқи изофа ва арзон оби беқиматро истифода бурда, оби воридмешуда ва баландии обфуроро дигаргун насохта, барқро 9,8 маротиб зиёд истеҳсол мекунад ва умед дорам истеъмоли барқ қонеъ мегардад.
Формулаи навтаъсис барқи истеҳсолшавандаи неругоҳро 9,8 маротиб зиёд намуда, дар оянда дар ҳамаи агрегатҳои неругоҳҳо ба ҷойи генераторҳои амалкунанда генератори иқтидораш ҳақиқибудаи аз рӯйи талаби формулаи навтаъсис тайёркардашуда иваз гашта, истеҳсоли барқ 9,8 маротиб зиёд мешавад ва аҳамияти зерин касб мекунад:
1. Ба ҷойи 1 кВт барқи истеҳсолшаванда бе хароҷоти иловагӣ 9,8 кВт барқ истеҳсол мегардад.
2. Арзиши аслии 1 кВт барқи истеҳсолшаванда нисбат ба арзиши аслии 1 кВт барқи истеҳсолшуда бо ҳисоби миёнаи умумиҷаҳонӣ 20 маротиб арзон истеҳсол мешавад (ҳисоботи пешакӣ).
3. Неругоҳҳои барқи обии амалкунанда барои 1 кВт барқро истеҳсол кардан 1м3 м2 сония фишори обро сарф менамоянд, НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад 1м3 м2 сония фишори обро сарф карда, 9,8 кВт барқ истеҳсол менамояд.
Сохтмони НБО навсохта монанди сохтмони НБО амалкунанда як хел буда, танҳо иқтидори генератори барқистеҳсолкунанда аз рӯйи талаботи формулаи навтаъсис аниқ карда мешавад.
Истеҳсоли 1 кВт барқ нисбат ба неругоҳҳои барқи обии амалкунандаҳо 10-12 маротиб камхарҷ мешавад.
4. Бозсозии НБО амалкунандаҳо ривоҷу равнақ ёфта, шумораи НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад зиёд гашта, аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши барқ маблағи зиёд фоида ба даст меояд.
ТАҲЛИЛИ БАРҚИСТЕҲСОЛКУНӢ
Як агрегат неругоҳро аз НБО «Бойғозӣ» ба ихтиёр гирифта, оби воридмешудаи он 100 м3/с, баландии обфуро 54 м, ККФ 0,94 ва генератор 49,8 мВт барқ истеҳсол мекунад таҳлил намуда, миқдори барқи ҳақиқии истеҳсолмешударо аниқ мекунем. Лоиҳачиҳо формулаи амалкунандаи иқтидори генератори барқистеҳсолкунандаро аниқ мекунад, истифода бурда: N=Qx9,81 x H х t= 100х9,81х54х0,94=49795 кВт 49,8 мВт барқ истеҳсол мекунад ба завод супориш дода, генератор тайёр мекунанд. Генератор ба НБО шинонида шуда, ба ҳамин иқтидор барқ истеҳсол мекунад.
Ҷараёни барқистеҳсолкунӣ: 100 м3/с оби воридшуда аз 54 метр баландии турбаи обфуро воридшуда бо иштироки 9,8 суръатнокии афтиши озод ва 0,94 ККФ аз N=100м3/с х54х0,94=49795 м3 м2 сония (баробар ба миқдори барқи истеҳсолшуда) фишори обро барпо мекунад. Ҳар як м3 м2 сония фишори об 13,3 адад қувваи аспи корӣ дошта энергияи механикӣ дорад бо фишори оби барпошуда зарб хӯрда ба турбогенератор ворид мешавад. 49795х13,3=662273 қувваи аспи корӣ дошта энергияи механикиро дар дохили турбогенератор барпо мекунад. Азбаски генератор ва ротор бо турбогенератор пайвастанд, якҷоя онҳо ба таври лозимӣ давр зада, аз ҳисоби зарбаи як адад қувваи аспи корӣ дошта энергияи механикӣ 0735,5 кВт барқ истеҳсол мешавад. 662273х0735,5=487102 (487,1мВт) барқ истеҳсол мешавад, ки он аз барқи истеҳсолшудаи генератори лоиҳачиҳо тартибдода оби воридмешуда ва баландии обфуроро дигаргун насохта, нисбатан 10 маротиб зиёд барқ истеҳсол мешавад.
Озодқул МАМАТҚУЛОВ, нафақахӯр аз ш. Истаравшан