Дар арафаи фарорасии соли таҳсили 2023-2024, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023 “Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе” дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил шуд, ки то 31 август идома меёбад.
Дар ярмарка корхонаҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонону мизоҷон дар баробари сарулибос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёҳои заруриро пешниҳод менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои дӯзандагӣ либоси мактабиро тибқи талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, медӯзанд. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сарулибоси мактабӣ бихаранд.
Дар иртибот ба ин, бо иштироки масъули сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” ва ҶДММ “Дунёи нав АСК” намоиши либоси мактабӣ баргузор шуд. Дар он масъулон доир ба шароити истеҳсол, сифати маҳсулоти ватанӣ ва арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.
ИСТАРАВШАН. ҲУНАРИ ҚОЛИНБОФИИ ДАСТӢ РУШД МЕКУНАД
Роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти коргоҳи қолинбофӣ шинос гардид. Дар ин хусус хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар коргоҳи қолинбофӣ аз пашми бузи ангорӣ қолинҳои дастӣ омода гардида, рангҳои он бо истифода аз гиёҳҳо тайёр мешаванд. Чунин тарзи омодасозии қолинҳо дар Тоҷикистон камназир буда, ҳунармандон тамоми корҳоро дастӣ иҷро мекунанд.
Раиси вилоят, ҳамзамон, бо фаъолияти маркази ҳунармандии «Шоҳдурвон»-и шаҳри Истаравшан шинос шуда, ба ҳунари кормандони марказ баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи барномаҳои давлатӣ ҳунарҳои миллии тоҷик рушд ёфта, барои соҳибкасб шудани занону духтарон аз тамоми имконот истифода мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят грантҳои махсус ташкил ва ҳунармандони вилоятро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»