«ДАР ОБОДӢ АЗ ВАЙРОНӢ МЕГӮЕМ»
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин мақоларо, ки 16 майи соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, барррасӣ намуд.
Пешниҳоди мо ин аст, ки осорхонаи адабиётшиноси маъруф, яке аз устодони забардасти илми танқиди адабӣ ва поягузорони илми муосири тоҷик Соҳиб Табаров бояд дар пойтахти ҷумҳуриамон - шаҳри Душанбе таъсис дода шавад, то ки мудирияти кори он дар дараҷаи лозимӣ таъмин гардад ва барои аҳли илму адаб, сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳамеша дастрас бошад.
Иттифоқи нависандагон дар сурати таъсиси осорхонаи устод Соҳиб Табаров дар шаҳри Душанбе барои таъмин намудани он бо китобҳо ва ёддоштномаҳои марбут ба ӯ саҳми худро гузошта метавонад.
Низом ҚОСИМ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
“ЗАФАРОБОД. БЕОБӢ АЗ МУШКИЛОТИ №1 БОҚӢ МЕМОНАД”
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод матлаби Маҳмуд Мирзоён зери унвони «Зафаробод. Беобӣ аз мушкилоти № 1 боқӣ мемонад» (“Ҷумҳурият”, 23 июни соли 2023, № 129) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар иртибот ба ин, метавон гуфт, ки заминҳои ноҳияи Зафаробод сад дарсад бо роҳи сунъӣ, яъне тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ, обёрӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар ин самт мушкилот вуҷуд дорад. Мушкилоти асосӣ дар фарсуда шудани насосҳои обкашӣ ва каналу хатҳои обрасонӣ мебошад, ки қариб 60 сол боз фаъолият доранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, раёсати кишоварзӣ, идораи кумитаи заминсозӣ ва дигар сохторҳои соҳа камбудиҳои дар соли равон ҷойдоштаро ба инобат гирифта, мақсад доранд, ки тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳои обрасониро аз оғози моҳи октябри соли равон шуруъ намоянд. Вобаста ба ин, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, як қатор корҳо ба сомон расонда мешаванд. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар таъмини оби полизӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба маблағи 15 миллион сомонӣ як агрегати насоси обкашӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуд. Тибқи нақша, дар мавсими тирамоҳи имсола он бо ёрии мутахассисони чинӣ насб гардида, агрегатҳои дигар низ таъмир мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки дар 3 соли оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иваз кардани насосҳои обкашии ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар мавсими имсола тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд, то ин ки обрасонӣ дар минтақаҳои поёноби каналҳои ноҳия беҳтар ба роҳ монда шавад ва хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ таъмин гарданд.
* * *
«ЗАФАРОБОД. КАЙ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ ТАРМИМ МЕШАВАД?»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мақолаи Маҳмуд Мирзоёнро, ки таҳти унвони «Зафаробод. Кай варзишгоҳи марказии ноҳия тармим мешавад?» дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (17 июли соли 2023, № 145) чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Маврид ба зикр аст, ки варзишгоҳи мазкур дар тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯз аз ҷониби Коллеҷи политехникии ноҳия нигоҳубин мешавад. Барои навсозӣ ва таъмири варзишгоҳ маблағи калон лозим аст, зеро ҷойи нишаст ва бинои маъмурию хизматрасонии зери он қисман дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бинобар ин, аз ҳисоби буҷети ноҳияи Зафаробод таъмир ва навсозии варзишгоҳ ғайриимкон аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, ки ба хотири сохтмон ва нигоҳубини минбаъдаи варзишгоҳи мазкур бо Вазорати маориф ва илм мувофиқа ва ҳамкорӣ намояд.
Ҳамчунин, дар мақола оид ба дастгирии молиявии дастаи футболи “Равшан” сухан рафтааст. Бояд гуфт, ки соли 2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод барои дастгирии тими футболи “Равшан” сесад ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод чораҷӯӣ карда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди инфрасохторҳои варзишӣ, рушду оммавияти варзиш ва солимии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад.
М. АБДУСАЛОМЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Зафаробод