Имрӯзҳо мардуми шарафманди кишварамон бахшида ба истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта, дар ҳама соҳаҳо бо руҳи болида ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаъолият доранд. Махсусан, гузарондани озмунҳои гуногун дар байни аҳолии кишвар ба хукми анъана даромадааст. Яке аз онҳо Озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” мебошад.
Бояд қайд намуд, ки анъанаи дастархонороии тоҷикон бо таомҳои миллӣ аз лиҳози усули оростани хон ва истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳон беназир буда, баргузории Озмуни мазкур бонувони моро дар ин ҷода зираку зебоипараст мекунад.
Дар чойхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” бо иштироки ғолибони 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардид.
Ғолибони даври аввали шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаи хӯроку анвои хӯрдании хешро бо санъату маҳорат ба маъраз гузоштанд.
Дар Озмун Даврон Зоҳидӣ, муовини раиси вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо, пеш аз ҳама, эҳёи таъомҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ, омодагии духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо ва иззату икроми шоистаи меҳмон мебошад.
Ҳамин тавр, мақоми аввалро кадбонуҳои шаҳри Хуҷанд ба даст оварда, бо диплом ва 5000 сомонӣ қадр шуданд ва ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии Озмунро пайдо карданд.
Ҳамчунин, ҷойҳои дуюм ба шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент ва ҷойи сеюм ба шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен дода шуд.
Дар поёни чорабинӣ барои бо сифати баланду харҷи кам оростани дастархон кадбонуҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Саъдулло МАХКАМОВ, вилояти Суғд