Ҳанӯз наздики даҳ сол пеш (4 июли соли 2013) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат таъкид намуда буданд: «...Имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як Донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва 200 ҳазор нафар ҳоҷӣ дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст...». Албатта, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои он пеши роҳи бисёр амалҳои хурофотӣ ва хароҷоти беасоси ҷашну маросимро гирифт, аммо ҳанӯз қисме аз осори онҳо боқӣ мондааст.
Воқеан, кас дар тааҷҷуб меафтад, ки чаро бо ин имконияти зиёди мавҷуда амалҳои хурофотӣ пойбарҷоанд. Сухани ин гурӯҳ бетаъсир аст ва ё таассуб решаи имиқ дорад, ки барканданаш мушкил афтодааст? Ё аксар ин ҳолатро мебинему медонему бетарафиро ихтиёр мекунем? Сухан дар ин маврид махсус дар бораи азо ва азодорӣ меравад. Бешак, қонуни мазкур, тавре зикр гардид, пеши роҳи баъзе аз амалҳоеро, ки дар чаҳорчӯбаи дини мубини ислом мувофиқ набуду намегунҷид, аз миён бурд. Бо вуҷуди ин, бархе ба ин амалҳо, агар бо назари шубҳа бинигаранд, бархе ба ғамзада дар ҳоли азову азодорӣ намехоҳанд ҳақиқатро баён бидоранд ва ё пеши онҳоро бигиранд.
Нолаву шеван дар азо на танҳо рӯзи фавти шахси наздик оғоз меёбаду ҷараён мегирад, балки пас аз чанд рӯзу ҳафта низ идома меёбад. Ба идомаи ин амал пайвандону дӯстону шиносҳо низ сабаб мешаванд. Онҳо меоянд ва азодорро қисме бо гиряҳои сохта ва қисме бо нақли хотироти тавлидкунандаву барангезандаи ғаму андуҳ мегирёнанд. Пас аз он мераванд ва гумон мекунанд, ки ба азодор ҳамдардӣ намудаанд. Ин чӣ гуна ҳамдардӣ маҳсуб мешавад?! Азодориро се рӯз муайян кардаанд. Агар касе ҳам дар ин рӯзҳо ва ё баъдҳо барои ҳамдардӣ меояд, набояд, ки азодорро гирёнад, зеро савоби бештар дар шод кардани дили ӯ мебошад. Чӣ хуш аст, агар лабаш, чеҳраашро ба ханда моил бинамояд.
Ҳанӯз ба чандин аср пеш барои ҳушдори мо, дарки ҳақиқати аслӣ ҳаким Низомии Ганҷавӣ фармуда буд:
Ба нолида макун бар мурда бедод,
Ки мурда собирӣ хоҳад, на фарёд.
Куҷост дар ин маврид сабри мо бар андуҳи гарон ҳам? Бар ҳамдигар дар ҳоли мусибат сабри ҷамил мехоҳем. Чаро осори ин гуна сабрро намебинем? Ҳол он ки сабр дар ин лаҳзаҳо подоши зиёду бузург дорад.
Медонем, ки мурдан амри табиӣ аст, хоҳ-нохоҳ яке рӯз аз рӯзҳо рӯзи бозгашт аст. Чун медонем, рӯканиву мӯканӣ ва тамоми сол либоси азогиро аз тан бадар накардан барои чист? Аслан ғам ғами соҳибону пайвандони майит мебошад. Пас, чаро танҳо занон либосу сарбанди азогӣ ба сару тан мекунанд? Оре, барои як сол.
Чунин намоишдиҳӣ, оё меандешем, ки дигаронро барои чанд лаҳза ҳам бошад, ғамгин месозад? Кӣ ба мо ҳуқуқ додааст, ки ғами худро ба василаи ин намоиш ба дигаре таҳмил бикунем? Мардҳо бошанд, дар рӯзи фавти шахси наздик ҷомаи сиёҳ ба тан мекунанд ва тоқӣ ба сар мегузоранд. Локиеро ҳам дар миён мебанданд. Яъне, бояд ҳар мард ҳатман ин чизҳоро барои ин гуна як рӯз ва дигар рӯзҳои муайян дошта бошад? Дар сурати мазкур чӣ қадар ҷомаҳои сиёҳу локиву тоқӣ бояд харидаву нигоҳ дошта шавад? Пас, бояд қабул бикунем, ки тоқӣ ба сар гузоштан маънои азодорист? Инро кӣ ва кай ба расмият даровардааст? Он бояд то кадом аср идома биёбад?
Агар зани марде аз олам бигузарад, духтарони ӯ монеи хонадоршавии падарро на танҳо барои як сол, балки барои тамоми умр мешаванд. Ин чӣ гуна дӯстдорӣ аст, чӣ гуна муҳаббат аст? Бо падар, бо сарвари хона-оила, оё чунин муносибат дуруст мебошад? То ба кай ӯ муҷаррадона зиндагӣ бикунад? Дар ин ҳол ба яқин мардҳо бемор мешаванд, ғаму андуҳашон меафзояд. Шариати исломӣ зидди ин амалҳои хурофотӣ мебошад. Масъулон, мутаассифона, изҳор медоранд, ки ба ҳаёти оилавии нафарони азодор дахолат намекунанд. Ин масъала масъалаи як оилаи хурд нест, масъалаи як ҷомеаи бузург ва дин маҳсуб мешавад.
Аз шарбати марг ногузир ҳама мечашад. Ин ҳақиқатро, ки ниёз ба собит сохтан надорад, медонем ва хуб ҳам дарк мекунем. Чӣ қадар зебост, замоне, ки кас онро на бо андуҳ, балки бо шодмонӣ истиқбол мекунад. Ба мусибат ва марг зарур аст, ки омода бошем, чун як амри муқаррарист ва дар муқобили он ҳеҷ коре аз дастамон намеояд. Боз ҳам ҳаким Низомии Ганҷавӣ ба мо бисёр хуб, зебо ва нишонрас панд медиҳад:
Гар марг расад, чаро ҳаросам?
К-ин марг аз ӯст, мешиносам.
Ин марг на, боғу бӯстон аст,
Ин роҳи сарои дӯстон аст.
Як шоири классики дигар барҳақ мефармояд:
Дар ғурбати марг бими танҳоӣ нест,
Ёрони азиз аз он тараф бештаранд.
Албатта, ин таъкидҳо на ба он маъност ва хотир, ки дунёбезор бошем. Не, ҳаргиз чунин нест ва дин ҳам ин гуна намефармояд, то бо шодмониву хотири ҷамъ зиндагонӣ накунем. Баръакс, агар ниҳоле дар дасти мо аст ва бидонем, ки пас аз чанд дақиқа дунё ба охир мерасад, бояд онро бинишонем, оре, ба умеди сарсабзӣ ва самар.
Таъкиди инҷониб бар он аст, ки аз азодории зиёд, ғаму андуҳ зиндагии худро талху кӯтоҳ насозем. Мо барои зиндагӣ кардан, охир ҳаст шудаем, як зиндагии шоиста, бо нияту мақсадҳои нек ва ҳам ба хотири созандагӣ, ободонӣ, шод намудани якдигар.
Масъалаи дигаре, ки бояд дар бораи он ҷиддӣ биандешем ва тасмими дуруст бигирем, истифода мусиқии классикии шашмақом дар рӯзи фавти баъзе аз шахсҳои маъруфу барҷаста мебошад. Ба андешаи ин ҷониб, ин мусиқии азо нест ва ба хотири чунин рӯзу мусибатҳо эҷод нашудааст. Набояд дар тасаввури мардум роҳ биёбад, ки онро ҳатман дар рӯзҳои мотам иҷро мекунанд. Агар мусиқӣ дар ин маросим ҳатмӣ шуморида шавад, бояд композиторон онро эҷод намоянд, то рӯи шашмақомро доғдор насозем.
Ҷаҳон ба ҳар лаҳза нав мешаваду пеш меравад. Қафо мондан аз ону дарк накарданаш, дар таассубу хурофотҳо пойбанд будан боиси маҳви миллат мешавад. Набояд, ки дар ҳама як кӯча, як кӯчаи қадимии хароб бошем!
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»