Таҳти ин унвон дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба зодрӯзи аллома бо ширкати аҳли илм, устодону омӯзгорон, собиқадорони соҳаҳои гуногун ҳамоиши ёдбуд доир шуд, ки хотирмон буд.
Дар Осорхонаи устоди бузург, аллома Бобоҷон Ғафуров доир гаштани чунин чорабинӣ ба як анъанаи аҷибе табдил ёфтааст, ки ибратбахшу ҳикматомез аст. Дар соати ёдбуд ин ҷо олимони варзидаи таърих, сиёсатмадорон, намояндагони дигари илму таърих, шогирдон ва, албатта, пайвандони устод меоянду аз хизматҳои арзандаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба халқу Ватан, саҳми эшон дар рушди шарқшиносии ҷаҳон, таҳкими равобит бо халқҳои мамолики Шарқ ҳарф мезананду ёдовар мешаванд. Нишасти навбатӣ низ ин ҷо истисно набуд. Дар толори маҷлисгоҳи осорхона олимон аз макотиби олии вилоят, кормандони васоити ахбори умум, донишҷӯён, собиқадорони меҳнат ва пайвандон иштирок доштанд.
Дар оғоз филми мустанаде аз фаъолияти устод Бобоҷон Ғафуров дар пешбурди Пажӯҳишгоҳи машҳури умумииттифоқии шарқшиносӣ дар шаҳри Москва намоиш дода шуд, ки ба ҳозирон хеле таассуроти нек бахшид.
Сипас, Муқаддама Ҳошимзода, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо ифтитоҳи ин нишасти ёдбуд, аз ҷумла аз хизматҳои бузургу мондагори аллома, нобиғаи Шарқ чун сиёсатмадори барҷаста, муаррихи мумтози замон, роҳбари тавоно ёдовар шуд.
Мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва равобит бо ташкилотҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ аз хизматҳои таърихии ин нобиғаи айём дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳайси сарвари он сухан кард.
“Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва аллома Бобоҷон Ғафуров рамзи худогоҳӣ, худши-носӣ ва ифтихори миллӣ” маърузаи хешро олими таърихшинос Шавкат Шарифов бо ҳамин унвон ба иштирокдорон ироа дошт.
- Усули роҳбарии ин ду фарзанди фарзонаи миллат аз лиҳози ватандориву ғамхори халқ будан дар як қолаб аст, - таъкид мекунад олим, ана ҳамин аст, ки ҳар ду ҳам маҳбуби халқ гаштанд.
Гузориши унвонҷӯ Саидқул Маҳкамов таҳти унвони “Бобоҷон Ғафуров муҳаққиқи таърих ва тамаддуни Сомониён” пешкаши ҳозирон гардид.
Дар ҷараёни кори илмии худ дар пажӯҳиши даврони давлатдории Сомониён тамоми паҳлуҳои ин давраи тиллоии миллати тоҷик хеле мӯшикофона аз ҷониби аллома Бобоҷон Ғафуров тадқиқи худро пайдо кардааст, ки имрӯз низ кам андар кам аз тарафи дигар олимони муосир илова мешавад, - таъкид кард пажӯҳишгари ҷавон.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси уламои вилояти Суғд, бевосита аз муносибатҳои эҳтиромонаи аллома Бобоҷон Ғафуров бо аҳли дин, бо китобҳои муқаддаси динӣ ва аз зиёрати эшон ба Ҳаҷ ёдовар гашта, хизмати басо арзандаи мавсуфро дар таҳкими муносибатҳо бо мамолики исломӣ таъкид кард.
Дар поёни ҷамъомад директори Осорхона Муқаддама Ҳошимзода аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба соли 2023 доир кардани Озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 115-солагии алломаи Машриқзамин Бобоҷон Ғафуров зери унвони “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” иттилоъ дод.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”