ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Ҷинояткорӣ коҳиш ёфт
Дар кишвар давоми нимсолаи аввали соли равон 11612 ҷиноят сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл 870 ҷиноят кам мебошад. Аз ин рақам, 5479 ҷиноятро мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта, кушодашавии он 85,3 дарсад (4399 ҳолат)-ро ташкил медиҳад.
Ин маълумотро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.
Бино ба гуфтаи вазир, барои риоя накардани меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 8600 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, як қисми волидон бо маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷарима гардида, қисми дигар огоҳӣ гирифтанд.
– Аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 258 ҷиноят (соли 2022-431) содир шудааст. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нисбатан коҳиш ёфта бошад ҳам, то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад. Боиси нигаронист, ки ноболиғон ва ҷавонон ба ҷиноятҳои одамкушӣ, қасдан расондани зарар ба саломатӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайра даст мезананд, – иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Дар робита ба саволҳои “Ҷумҳурият”, Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, чунин посух дод: “Тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 10 ҷинояти киберӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат ду сӯиқасд ба амалӣ террористӣ ва 2 амали террористӣ сабт гашта, ин ҷиноятҳо дар ҳудудҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ба вуқуъ пайвастаанд”.
Маҳмуд МИРЗОЁН, Шодмон ҚУРБОНОВ
ТАБИБОНИ ТОҶИК 124 АМАЛИЁТИ ҶАРРОҲИИ ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ГУЗАРОНДАНД
Табибони тоҷик бори аввал гузоштани адасаи дохилии чашм – истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунукро муваффақона анҷом доданд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат буриши метаболикии меъда, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ – варидӣ амалӣ гашт.
– Дар самти фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб фаъолият идома ёфта, дар 124 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узв гузаронда шуд, аз ҷумла 88 нафар дар Муассисаи давлатии "Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ва шаш нафар дар Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара", – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Лола РИЗОӢ
ДУШАНБЕ. ТАТБИҚИ 11 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ БО ХАРҶИ 175 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА
Нимсолаи якуми соли равон дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 175 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ беш аз 78,5 миллион доллар ва дар давраи ҳисоботӣ 17 миллион доллар аз худ шудааст. Дар ин бора муовини аввали раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода зимни натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоӣ – иқтисодии пойтахт дар шаш моҳи аввали соли равон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Ҷамшед Табарзода, мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2018 «Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 дархости лоиҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва омода гардида, барои ворид намудан ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025 ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гашт.
Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад. Дар пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият дорад. Инчунин, ба шаҳр дар нимсола 92,6 ҳазор меҳмон аз хориҷи кишвар ташриф овард, ки нишондиҳанда нисбат ба соли сипаришуда 13,5 ҳазор зиёд аст.
Таҳлили фаъолияти мақомоии ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи ҷиноятҳои бақайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2288-то кам мебошад.
Кароматулло АТО
Сомона ва портали миллии сайёҳӣ ба истифода дода мешаванд
Мутобиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 487,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дидан кард, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 дарсад зиёд мебошад. Аз ин шумора, 453,5 ҳазор нафар ё 93 фоиз аз ИДМ ва 33,8 ҳазор нафар, ё 7 фоиз аз хориҷи дур мебошанд. Дар панҷгонаи кишварҳое, ки шумораи зиёди шаҳрвандонашон ба ҷумҳурии мо ворид гардидаанд, Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Туркия ва Чин қарор мегиранд.
Ин матлабро Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ироа намуд.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони кишвари мо, ки аз ҷумҳурӣ берун шуданд, 1,6 миллион нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 462,3 ҳазор ё 40 фоиз зиёд мебошад.
Раиси Кумита иброз дошт, ки дар робита ба ин, моро зарур аст, ки тамоюли афзоиши ҷалби сайёҳони хориҷиро дар нисолаи дуюм ва минбаъд ҳам нигоҳ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ низ, тадбирҳои иловагӣ андешем.
Кумита ҷиҳати рушди корҳои таблиғотӣ – ташвиқотӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз тадбирҳои муассир кор гирифта, ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи барномасозӣ портали миллии сайёҳии кишвар (traveltajikistan.tj) ва сомонаи расмии Кумита (ctd.tj)-ро пурра дар шакли нав ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири барномасозӣ омода намудааст, ки моҳи оянда мавриди истифода қарор медиҳад.
Шаҳноз ҚУРБОН
БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ КАМ ШУД
Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар мамлакат ҳолатҳои сабти ақди никоҳи шаҳрвандон зиёд ва бекоршавии он кам шудааст. Дар ин бора Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки дар ин давра сабти давлатии ақди никоҳ 32 ҳазору 851 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 585 ҳолат зиёд аст. Бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфта, 5 ҳазору 370 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба шаш моҳи соли рафта 1 ҳазору 895-то кам мебошад.
Сабаби мустаҳкам шудани ақди никоҳро Ҳилолбӣ Қурбонзода ба он рабт дод, ки имсол аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, раёсатҳо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд бурда шуданд.
Лола РИЗОӢ
ВАРЗИШ
Аз дастоварди варзишгарон то бунёди варзишгоҳ
Бино ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ варзишгарони мамлакат 143 медал (43 тилло, 32 нуқра ва 68 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ин рақам дар қиёс ба як соли қабл 26 медал, аз ҷумла 16 тилло, зиёд мебошад.
Дар ин давра 43 иншооти варзиш (33 майдонча, 8 толор ва 2 маҷмаа) бо харҷи 12 миллиону 925 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Перомуни саволи “Ҷумҳурият” раиси Кумита иброз дошт, ки варзишгоҳи шаҳри Душанбе, ки барои 30 ҳазор нафар пешбинӣ гардидааст, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Сохтмони варзишгоҳ соли 2019 оғоз гардида буд. Тибқи нақша, бояд то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мешуд, вале бо сабаби бемории COVID-19, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир расонд, сохтмони он ба таъхир афтод. Бояд гуфт, ки ин иншоот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ
ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ БА МАБЛАҒИ 49,1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 49,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Давоми шаш моҳи аввали соли равон 3 миллиарду 260 миллион сомонӣ аз худ карда шуд, ки дар маҷмуъ, ба 106 дарсади нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст. Дар ин хусус Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумита, барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ созишномаҳои нав ба имзо расиданд. Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ 906 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, то моҳи июли соли равон дар мамлакат 345,3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор бештар мебошад. Аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ 311,9 ҳазор ва шахсони ҳуқуқӣ 33,4 ҳазор нафар.
Зикр гардид, ки ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар самти танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, такмил додани қонунгузории соҳа ва то 60 дарсад коҳиш додани номгӯйи ҳуҷҷатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар таҳрири нав дар заминаи қонунҳои амалкунандаи соҳа таҳия гашта, моҳи июни соли равон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Кароматулло АТО
КОА
45 шарванди хориҷӣ соҳиби дараҷаи илмӣ гардид
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 242 олим сазовори дараҷаи илмӣ гашт. Аз ҷумла, 23 доктори илм, 24 доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос ва 205 номзади илм, инчунин, ба 96 нафар шаҳодатномаи унвони илмӣ: 6 унвони илмии профессор ва 90 унвони илмии дотсент дода шуд.
Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки дар ин давра ба 45 шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Туркия, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти илмҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ, аграрӣ, математикӣ ва техникӣ дараҷаҳои илмӣ дода шуд.
– Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин муддат бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, аз 28 феврали соли 2023, ба тасвиб расидани Созишнома байни Россия ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Тибқи Созишнома, дараҷаҳои илмие, ки дар ин кишварҳо дода шудаанд, баробарарзиш эътироф мешаванд. Ин талабот ба унвони илмии дотсент ва профессор низ, алоқаманд аст, – афзуд Абдулҳаким Розиқзода.
З. РАҶАБ
Ҷамшед Ҷумъахонзода: «Ҳадафи асосӣ – муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳо»
Палата дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 18 намоишгоҳи байналмилалӣ, 4 намоишгоҳи дохилӣ ва 14 намоишгоҳи давлатҳои дигар мусоидат намуд.
Ин матлабро Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Зикр гашт, ки масъалаи муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти Палата маҳсуб меёбад. Дар ин давра дар кишвар бо мусоидати Палата намоишгоҳҳои байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2023», рӯнамоии молҳои содиротии Тоҷикистону Туркманистон, Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми савдои «Бохтар Фуд – 2023» ва Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2023» баргузор гардиданд.
Инчунин, ҷиҳати шиносоӣ бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо ташаббуси Палата зиёда аз 1190 соҳибкор ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн) аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуда, дар бизнес – форумҳо ширкат варзиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
87 дарсад қоидавайронкуниҳои молиявӣ барқарор шуд
Бо мақсади баҳодиҳӣ ба иҷрои саривақтию сифатноки даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, арзёбии истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ, амвол ва зихираҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказҳо, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъетҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар нимсолаи якуми соли равон 72 чорабинии аудиторӣ гузарондааст. Дар натиҷа, 96,9 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ ошкор гардиданд.
Оид ба бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молияӣ ба маблағи 84,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 52,5, корхонаҳо 15,8 ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 16,2 миллион сомонӣ барқаррор гардидааст, ки 87 дарсади маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Тибқи қоидаҳои муқарраршуда, аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ Палати ҳисоб 31 мавод ба маблағи 51,2 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол намудааст.
Ҷиҳати бартараф кардани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо 13 хулоса бо 492 тавсияҳои судманд иросл гашта, 17 қарору фармон қабул шуд, ки 77 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 5 нафар аз мансаб сабукдӯш гардид.
– Сол ба сол дар ҷаҳон соҳаи аудит рушд меёбад ва намудҳои нави он ба миён меояд. Ташкилоти INTOSAI (Ташкилоти байналмилалии мақомоти олии аудит) стандартҳои навро қабул кард, ки Палатаи ҳисоб, ҳамчун узви ин ташкилот бояд дар асоси ин меъёрҳо фаъолияташро ба роҳ монад. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардад, – иброз дошт муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода дар посух ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Маҳмуд МИРЗОЁН, Комрон САФАР
Ба маблағи 574,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Бо роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар нимсолаи аввали соли равон соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дурнаморо бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карданд, – гуфт Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра аз ҷониби коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 574,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5 миллион сомонӣ (124,1 дарсад) зиёд мебошад. Саноатчиён ба маблағи 2,3 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот намуданд.
Дар ин давра аз 177 корхонаи саноатӣ 116 муассиса ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 дарсад зиёд, 28 адад аз 100 дарсад кам намуд, 33-тоаш бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолият накард.
– Дар ин давра ба фаъолият пардохтани 38 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 250 ҷойи нави корӣ ба рушди истеҳсолот мусоидат намуд, – изҳор дошт Умед Гуреззода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
“АМОНАТБОНК” “ҚАРЗҲОИ ИПОТЕКӢ”-РО ҶОРӢ КАРД
Тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Амонатбонк” яке аз ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф шуд ва аз рӯи радабандӣ дар ҷойи аввал мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №44 БДА ҶТ “Амонатбонк” ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ивази ном намуд ва мутобиқи оиннома он ҳамчун корхонаи воҳиди давлатӣ тасдиқ гардид.
Дороиҳои Бонк 6,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 5,8 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2022 мутаносибан 30,9 ва 31,2 фоиз зиёд мебошад. Сармояи Бонк ба 783,2 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 29,1 дарсад афзудааст.
Фоидаи софи Бонк 57,7 миллион сомониро ташкил намуд ва он нисбат ба ҳамин давраи пеш 35,5 дарсад зиёд мебошад, – иброз намуд, Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”.
Ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, 167 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир” ба филиалҳо дастрас гардид. Ин иқдом барои боз ҳам афзудани теъдоди мизоҷони Бонк ва рушду пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши муҳим мегузорад.
Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба хизматрасонии Интернетбонк роҳандозӣ мешавад ва айни ҳол 8 044 адад корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд. Барнома ба сармуҳосибон ва масъулони корхонаву ташкилотҳо имконияти ба таври фосилавӣ (онлайн) гузарондани супоришномаҳои пардохтӣ ва музди меҳнатро фароҳам меоварад.
Бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 26,7 ҳазор муштарӣ 993,4 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 12,2% зиёд гардидааст.
Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 28,6, кишоварзӣ 27,6, истеъмолӣ 19,8, сохтмон 14,7, тиҷорат 8,4, нақлиёт 0,2 ва дигар хизматрасониҳо 0,7% рост меояд.
Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардондани манзили истиқоматӣ, инчунин, имконият барои хариди манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотекӣ”-ро низ, ҷорӣ намудааст. Дар нимсолаи аввал ба 68 нафар 15,3 миллион сомонӣ пешниҳод гардид.
Дар Бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 757 ҳазор ва теъдоди банкоматҳои насбшуда дар Бонк ба 342 ва постерминалҳо ба 2 804 адад расонда шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
Тавлиди беш аз 10,6 миллиард кВт/соат неруи барқ дар ним сол
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмуъ, бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил, 10 миллиарду 653,3 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 341,2 миллион кВт/соат бештар мебошад. Ин рақам зимни нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» манзури рӯзноманигорон гашт.
Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар кардани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ҷамъият тайи шаш моҳ 2 миллиарду 762,2 миллион кВт/соат неруи барқ харид. Талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар давраи ҳисоботӣ, 38,8 миллион кВт/соатро ташкил кард, ки ба 0,49 дарсади барқи истеҳсолшуда баробар аст.
Абдулло Қурбонзода, муовини директори генералии ҶСК «Барқи тоҷик», гуфт, ки дар ин давра содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,3 миллион кВт/соат кам буда, ба 971,2 миллион кВт/соат расид. Неруи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯхта шуд.
Бо мақсади таъмини ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ, сохтмонӣ, дар давраи мавриди назар ба маблағи 19,9 миллион сомонӣ иҷро гардиданд.
Кароматулло АТО