Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар ВМКБ низ амалӣ мешавад. Маҳз дар замони истиқлол Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма – сарҳади Чин марҳила ба марҳила ба стандарти ҷаҳонӣ баробар гардида, лоиҳакашӣ дар қитъаҳои боқимондаи он идома дорад.
Тибқи нақша, то соли 2026 роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма пурра навсозӣ мегардад. Ҳамчунин, дар даврони истиқлол чор пул аз болои дарёи Панҷ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз сохта, ба истифода дода шуд.
Истиқлоли энергетикӣ дар вилоят таъмин гардида, имрӯзҳо сохтмони НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа босуръат идома дорад. Тавоноии ин Неругоҳ 11 мВт буда, дар доираи он сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВт «Себзор – Хоруғ» ба масофаи 18 км ба анҷом расид. Пайваст шудани вилоят ба низоми ягонаи энергетикии кишвар яке аз дастовардҳои бузург дар ин соҳа мебошад. Сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат дар ноҳияҳо идома дорад. Дар арафаи таҷлили 32-солагии истиқлоли давлатӣ ду зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба истифода дода мешаванд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб мешавад. Дастрасии сокинони вилоят ба ғизои босифат ва таъмини пурраи он дар солҳои охир беҳбуд ёфта, як қатор корҳо дар ин самт ба анҷом расиданд. Яке аз дастовардҳои бузурги ин соҳа сохта, ба истифода додани корхонаи ордбарорӣ дар ноҳияи Шуғнон мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ноҳияҳои вилоят ташкили нуқтаҳои захиравии озуқаворӣ созмон дода шудааст. Имрӯзҳо бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо бо маҳсулоти хӯрока таъмин мебошанд.
Соли равон дар вилоят як қатор корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба таъмини ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд. Дар шаҳри Хоруғ корхонаҳои истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ, пойафзолбарорӣ, мебел ва корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар баробари расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, соҳаҳои дигари ҳаёт дар вилоят рушд карда, ба сатҳу сифати зиндагии сокикон беҳбуд бахшидааст. Бояд гуфт, ки марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз гардида, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта, ба истифода дода мешаванд.
Комилбек Амид Ёрбек,
ректори ДДХ
ба номи М. Назаров