Модарамро дар чанд вазъу ҳолат ба ёд меорам. Вай дар фермаи чорвопарварии колхоз говдӯшӣ мекарду падарам молбон буд. Зане буд қоматбаланд, нигоҳи чашмонаш мамлӯ аз меҳру самимияти хос, чобуку чолок. Корашро бо сидқу эътимоди дучанд ба сомон мерасонд. Бегоҳӣ, вақте ба ферма меомад, ибтидо таҳи пойи говҳоро тоза карда, бо асбобе, ки кашоғу ном дошт, бадани бисту ду сар гови зотии дӯшоиро аз ғаждиҳо пок мекард, бо панҷаҳои нозукаш тахтапушти говҳоро навозиш карда, бо оби ширгарм пистони онҳоро мешуст.
Хилъати сафед, гоҳе кабуд бар тан дошт. Дар пой мӯзаҳои сиёҳи резинӣ. Модарам говҳояшро бо навою таронае, ки нарму мулоим зери лаб зам-зама мекард, медӯшид. Сатили пурширро, ки аз он буғи нафисе бармехост, ба зарфҳо мерехт. Ман ёрмандӣ мекардам. Говдӯши пешқадаму номдори колхоз буд. Ҳамроҳи модар зарфҳои пурширро то назди тарозу расонда, болои он мегузоштем. Ҳисобгари ферма, пирамарди мӯю ришсафед, ки дар чеҳрааш фазлу хираде нақш баста буд, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, амаки Тӯра шакарханде дар лабонаш мавҷ зада, бо ҳазл хитоб мекард:
– Дар байни говдӯшон аз ҳама зиёд шумо шир дӯшидаед. Пешсафӣ боз ҳам насибатон гардида. Чашм нарасад, чашм нарасад!
Боре ба ферма мухбир аз рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқат” омад. Марди миёнаумре буд. Бо мудири ферма – Гулмаҳмад ва падарам суҳбат кард. Сипас, ба модарам саволҳо дода, посух гирифт. Дар ёдам ҳаст, ҳангоме ки модарам гови навбатиро дӯшида, сатили пурширро ба зарфҳои дигар рехтанӣ шуд, мухбир дастгоҳи аккосияшро аз китф гирифта, дар ҳамин ҳол аз ӯ акс бардошт.
– Сурат зиндаю табиӣ мебарояд, –қаноатманд гуфт мухбири солманд ва дар дафтарчаи қайдҳояш баъзе нақлу суханҳои модарамро сабт карда, гӯё андешаҳояшро хулоса мекарда бошад, хитоб намуд:
– Зиндагии мушкилу пуразоберо аз сар гузарондааст апаи Асмоҳ. Марҳила ба марҳила мушкилиҳоро паси сар карда, ба рӯзҳои пурсаодату файзбор расидааст.
Ҳафтае баъд дар саҳифаи дувуми рӯзномаи “Ҳақиқат” (нашрияи вақти ҳизбии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) очерки мухбири он, Раҷабалӣ Сиддиқов бо номи “Машъали ферма” бо сурати модарам чоп шуд. Ин рухдоди фараҳбахшу масарратомез тирамоҳи соли 1975 ба вуқуъ пайваст. Дар хотирам мондааст, ки рӯзнома дар ферма аз даст ба даст мегузашт, ҳама мақоларо бо шавқи беинтиҳо мехонданд, модарамро муборакбод мекарданд.
– Ҷойи гапи зиёдатӣ нест, – бо тафохур ба забон меовард суханони самимонаи худро раиси бахши чорводорӣ Обид Олимов, апаи Асмоҳ ба ҳамаи таърифу ситоиш сазовору арзандаанд. Ифтихори деҳа, колхоз ва район мебошанд. Дар маҷлисҳои фаъолони район аз ҳама пештар номи апаро мегиранд. Роҳбарони ноҳия ба хидматҳояш арҷ мегузоранд.
Модарам, гоҳо шабҳо аз лаҳзаҳои умри аз сар гузарондааш ба мо нақлҳо мекард. Аз ҳикоятҳояш маълум мегардид, ки вай дар деҳаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Мағмурӯд, ки бо дараю обшорон ва мурғони хушнавояш шуҳраи қаламрави минтақа гардида буд, зода шуда, қиблагоҳаш бобои Саъдӣ, ки аҳли китоб ва хатту савод маҳсуб меёфт, ҳамаҷониба ба тарбияи ӯву дигар фарзандонаш саъйи бедареғ ва кӯшиши тамом анҷом додааст. Ба тасдиқи модарам, вай дар мактаб хонда, соҳибмаълумот гардида, бо падарам, ки ятим монда, дар фермаи колхоз молбонӣ мекардааст, бо дастури падар хонадор мешавад.
– Бо падарат зиндагии алоҳидаро оғоз кардем, – мегуфт модарам. Солҳои вазнини баъдиҷангӣ, гандуму нон камчин. Ба болои он, маблағи кироие надоштем, ки хонаи истиқоматӣ созем. Бо падарат заҳмат кашида, аз маошамон пасандоз карда, маблағе ҷамъ овардем. Барои чӯбу тахта ва шифер ба роҳбарони колхоз муроҷиат намудем. Раис, амаки Боймаҳмад аризаи моро хонда, сар бардошта бо меҳр сӯи ману падарат чашм дӯхт:
– Барои шумо, ки ба нафъи Ватану давлат дар фермаи колхоз ранҷ мекашед, албатта, ёрдам мекунем, – бо қатъият изҳор дошт вай.
Баъдтар падару модарам ба деҳаи Моинкаҷи шаҳри Ваҳдат кӯч баста, дар фермаи навташкил ба кор мепардозанд.
– Бо масолеҳи сохтмоние, ки бо иқдоми раиси колхоз ба мо расонданд, хонаи зебо бунёд кардем, – идома медод ба нақлаш модарам. Ба замми говдӯшӣ дар ферма, ба тарбияи фарзандон машғул мешудем.
Ҳамин тавр, падару модарам соҳиби панҷ фарзанд (ҳама писар) гардида, кӯшишу ғайрати худро ба он равона карданд, ки моро хонанда, соҳибмаълумот кунанд. Мо панҷ бародар дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидем. Модарам зани бофарҳанге буд, вақт ёфта, китоб мехонд. То ҳол нек дар ёд дорам, ки чӣ тавр вай дар хусуси асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва ашъори Абулқосим Лоҳутию Мирзо Турсунзода бо шавқу ҳарорат сухан меронд. Эпизоду лаҳзаҳои романҳои нависандагони зикршударо хеле олиҷаноб нақл мекард. Шеъри бисёре дар ёд дошт. Аз осори гузаштагон низ, бохабар буд. Бори аввал қиссаю ривоётро дар бораи пайғамбарон дар заминаи китоби “Қасас-ул-анбиё” дар солҳои 70-ум аз забони модарам шунида будам. (Ин китоб баъдтар бо хатти кириллӣ дар авохири солҳои 90-ум чоп шуда, дастраси мардум гардид). Ҳамроҳи падарам ба рӯзномаю маҷаллаҳои зиёде обуна шуда буданд: “Садои Шарқ”, “Хорпуштак”, “Занони Тоҷикистон”.
– Соли 1954 бо ордени Байрақи сурхи меҳнат мукофотонда шудам, – ба ёд меовард модарам ва меафзуд: “Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони Ҳукумати кишвар баргузор гардид, ин орденро шахсан ба ман Котиби якуми Комитети Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, сиёсатмадор ва муаррихи сатҳи ҷаҳонӣ, Бобоҷон Ғафуров тақдим намуд, ки ман ин лаҳзаи нотакрору хушбахттарини умрамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам”.
Мардуми деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ӯро модарвор дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Модарам борҳо вакили маҷлиси Шурои депутатҳои ҷамоат ва ноҳия интихоб гардида, дар ободию рушди деҳаи Моинкаҷ низ, саҳми калон гузоштааст.
Дар пиндору хаёлҳоям модарам ҳамчун бонуи ҳунарманд, дасткушод ва маслиҳатгари мардум, хусусан занону духтарон, падидор мешавад. Вай ҳангоме ки аз ферма говҳояшро дӯшидаву алаф дода бармегашт, мӯзаҳояшро аз пой набароварда, говҳои худамонро (7-8 модагови зотии ширдеҳ) медӯшид. Ширро дар дег мепухт. Ҳеҷ гоҳ мондашавиро эҳсос намекард. Ҷурғот мехобонду дар чахдеги бобоӣ дӯғ мекашид. То ҳол лаззати маскаю дӯғи кашидааш аз даҳонам нарафта. Дӯғу ҷурғоту чаккаро ба ҳамсоягон тақсим мекард. Ҳоло низ, гоҳ-гоҳе бо собиқ коркунони ферма, говдӯшзанону молбонҳо ва байтору зоотехникҳо, ки хеле кам мондаанд, рӯ ба рӯ оям, онҳо аз ҳолу зиндагӣ ва кору борам пурсида, аз падару модарам ёдовар мешаванд ва ҳатман ба забон меоранд, ки “падару модаратон одамони дасткушоду хайрхоҳ буданд. Мо нону намаки онҳоро бисёр хӯрдаем...”.
То соли 1990 модарам дар ферма ба говдӯшӣ машғул буд. Баъд низоми зиндагӣ тағйир ёфт, бо кадом сабаб ё баҳонае фермаи колхозро аз деҳаи Моинкаҷ ба маҳали Теппаи Самарқандӣ кӯчонданд. Ҷанги гӯшношуниди бемаънии дохилӣ сар зад.
Падарам, ки ба бемории вазнин гирифтор шуда буд, соли 1993 ин оламро падруд гуфт. Модарам ҳамеша дар ибодатҳояш даст ба дуо бардошта, аз Холиқи якто илтиҷо мекард, ки пеши роҳи ҷангу хунрезӣ ва фоҷиа гирифта шавад. Вай ба чунин рӯзҳои маъшуму нангин расидани халқу кишварро тасаввур намекард. Ба бахти миллати сарафрози тоҷик, фарзанди иродатманду ҷасур, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суккони сафинаи кишварро ба даст гирифт ва марҳала ба марҳала сулҳу ваҳдат дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳким ёфту поянда гардид.
Модарам кайҳо моро тарк карда, руҳаш ба малакути аъло пайвастааст, аммо мо – фарзандон идомабахши зиндагии ибратомӯзи ӯ ҳастем ва фахрамон аз он аст, ки бо фаъолияти созандаи худ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хоксоронаи худро мегузорем, зеро панду андарзи ҳамешагии падару модарам низ, ҳамин буд:
– Танҳо нангу номус фарзанди одамро ба қуллаи мақсуд мерасонад, ӯро иззатманду бошараф мегардонад. Барои ин, ҳаракату талош, иродату азм, ҳавсала лозим, ки бо кору кирдори судманду созанда на фақат рӯзгоратро пеш барию ободу зебо намоӣ, балки ҷомеа ва кишварро рушду нумуъ бахшида, саҳми худро андак ҳам бошад, дар шукуфоию сарсабзии Ватан гузорӣ!”
Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда