Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанги миллӣ, хосса мусиқии касбӣ, ҳамеша бо ғамхорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҳатто дар давроне, ки дар кишвар ваҳдати миллӣ пойдор нагардида буд, ҳамаҷониба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро чи аз ҷиҳати моддӣ ва чи аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ менамуданд. Бинои ин муассисаи фарҳангӣ борҳо ба хотири ҷавобгӯи талаботи давр гардидан, таъмири пурра шуд. Маоши кормандон дар ин баробар зиёд гардид. Барои хариди созҳои мусиқӣ, мукаммал намудани гурӯҳҳо бо мутахассисон, сафарҳои ҳунарӣ ба берун ва дохили кишвар, ҷалбу даъвати мутахассисони маъруфи театрҳои машҳури давлатҳои пешрафта дар соҳаи мазкур имкон фароҳам оварданд. Инчунин, шахсан худашон аз наздик зимни суҳбату вохӯриҳо ба мушкилоти мавҷудаи Театр шинос шуда, бо дастгириву маслиҳатҳои судбахшашон батадриҷ дар рафъи онҳо мусоидат карданд. Дар натиҷа, барномаҳои театр зиёд ва пурғановату ҷавобгӯй ба талаботи соҳа гардиданд.
Боиси хушнудист, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз мушкилоти тамошогарро надорад. Ин яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт. Толори Театр алҳол ҳам дар консертҳои хурд ва ҳам калон, инчунин, операву балет ҳамеша пур мешавад. Бо дидани он кас на танҳо хушнуд мегардад, балки умед ба рушду нумӯи бештари соҳа мебандад. Мушкилоти мавҷуда солҳои сол мо – мутахассисонро ба андешаи рафъи он водор мекард. Бо вуҷуди тадбирандешӣ, дар ин самт муваффақ шуда наметавонистем.
То чанд муддат пеш чиптаи Театр аз се то панҷ сомонӣ қимат дошт, чун тамошогари зиёд ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Ҳолиё қимати он вобаста ба ҷой 50, 70, ва 100 сомонӣ мебошад. Албатта, дар ин дастоварди чашмрас саҳми маъмурияти имрӯзаи Театр, хосса директори он Камолиддин Сайфиддинов, ки фарзанди композитори машҳури тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов мебошад, калон аст. Вақт собит сохт, ки ӯ на танҳо муҳаббати зиёд ба ин соҳа дорад, мусиқии касбиро хуб дарк менамояд, балки чун роҳбар, сарвар беназир мебошад. Моро боз он чи бештар шод гардонд, ин аст, ки хориҷиён ба операҳову балети тоҷикии мо низ, таваҷҷуҳи махсус доранд ва ба тамошои он меоянд.
Дар Театр тамоми шароитҳо, хосса барои тамошогарон ба ҳангоми танаффусҳо миёни намоишҳо фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизотро низ, дар ин ҷо нав кардаанд.
Гурӯҳҳо ба маънии некаш дар замони истиқлолият дигар шудаанд. Ман борҳо дар ин хусус, яъне мушкилоти он мегуфтам, менавиштам, масъала мегузоштам, ки бояд театр, дирижёр, режиссёр, балетмейстери дорои сатҳи баланди касбӣ дошта бошад. Дар баробари тамрин намудани опера ва балетҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои ҳунарӣ мунтазам дарсҳои маҳорат гузаранд ва, албатта, барои ояндаи театр дар Консерватория шогирдон тайёр намоянд. Ба ғайр аз ин, бештар ба сафари ҳунарӣ бароянд, бо барномаҳои диданиву ҷолиб, то барои ба боло рафтани касбияти ҳунармандон, сатҳи мусиқифаҳмии тамошобинон, саҳми дуруст гирифта тавонанд. Аз театрҳои давлатҳои дигар барои ҳунарнамоӣ чун имрӯз бештар ҳунарпешагон биоянд. Инчунин, театри тоҷик низ, ба мамолики ҷаҳон бо сафарҳои ҳунарӣ бибарояд ва дастовардҳои худро ба намоиш гузорад.
Бо ин васила, репертуари театр сари ҳар вақт нав мешавад, сатҳи касбияти ҳунарпешагон боло меравад ва миллатро муаррифии нек менамояд.
Дуруст аст, ки баъзе аз намоишҳоро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мебинанд, аммо аз пеш дидани он лаззати дигар дорад.
Бо дарки масъалаҳои мавҷуда, ки аз ҷумлаи мушкилот буданд, маъмурияти нав солистонро аз дигар кишварҳо даъват мекунад. Ҳузуру ҳунарнамоии онҳо солистони моро водор месозад, ки такмили ҳунар намоянд, масъулияти зиёд эҳсос кунанд. Чаро? Чунки ҳамроҳӣ дар намоишҳо ва ҳунарнамоӣ бо солистони шинохта инро тақозо мекунад.
Маъмурияти Театр ба ҳайси роҳбари бадеӣ профессори Консерваторияи ба номи Вердии шаҳри Миллан Делфо Меникуччиро даъват кардааст. Ин ташаббуси хуб мебошад, барои пешравии соҳа, яъне мусиқии касбӣ ва театри тоҷик. Тавре медонем, шаҳри Миллан яке аз марказҳои операсароӣ маҳсуб мешавад ва дар ин ҷо иҷрои ин жанр ба қуллаи баланди худ расидааст.
Ӯ мутахассиси соҳаи вокал ва чун дирижёри оркестр ва хор эътироф гардидааст. Баъди омадани ин ҳунарпешаи маъруф симои маънавии Театр дигар шуд. Соҳа ба дастоварду пешравӣ ноил гардид. Бо фаъолияти густурда ва навовариҳо тағйироти ҷиддӣ дар барномаҳои Театр ворид кард. «Травиата»-и Ҷ. Вердиро ба забони асл рӯи саҳнаи тоҷик гузошт. Инчунин, асари «Симфонияи нуҳум»-и Л. Бетховенро ба маърази тамошогарон гузошт. Албатта, бо ин гуна барнома ё худ репертуари ҷолибу диданиву касбӣ театри тоҷик бо дигар театрҳои пешрафтаи ҷаҳон рақобати солим намуда метавонад.
Ҳамчунин, ӯ асари операвии «Хонуми сиёҳпӯш» (“Пиковая дама”)-и П. Чайковскийро ба саҳна гузошт, ки дастоварди бузург ба шумор меравад. Асар дар сатҳи баланди касбӣ иҷро ва намоиш дода шуд. Ба иловаи иҷрои ин ҳама корҳо, бо ҳунарпешагон дарси маҳорат мегузарад.
Аз зумраи солистони ҷалбгардида метавон номҳои Валерий Мела, Ноэми Умани, Джорджио Кашари аз Италия, Амос Лора ва Гита Малета аз Испания, Франсуа Шаплен, Анастасия Магамедова ва Йоханнес Грей аз Франсия, Ҷихат Ашкин, Меҳру Энсарӣ, Тайфик Родос аз Туркияро ном бурд.
Навозандаҳои беҳтаринро низ, маъмурияти нави Театр аз дигар давлатҳо даъват карда истодааст. Ҳоло даста-даста барои навохтани созҳои гуногун меоянд. Нахустин бор дар даврони истиқлолият арфановозро даъват карданд. Дар баробари навохтани ин соз ӯ ба тарбияи шогирдони ин асбоби мусиқӣ машғул аст. Яъне, дар оянда Театр соҳиби навозандаи маҳаллии арфа мешавад. Ҳамин тавр, ин норасоӣ низ, аз байн меравад.
Бояд зикр кард ва фоли нек аст, ки духтарони тоҷик ба омӯхтани ин соз таваҷҷуҳ ва муҳаббати махсус зоҳир карда истодаанд. Арфа аз созҳои тоҷикӣ буд, ки баъд ба Аврупо рафт ва дар ин ҷо такмил ёфт. Нишонаҳои онро зимни ҳафриёти Ҳулбук (ноҳияи Восеъ) пайдо карда буданд.
Солистҳои балет низ, аз дигар мамолики ҷаҳон даъват мешаванд. Аз ҷумла, Артисти халқии Россия, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, балетмейстери маъруфи ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов даъват шуда буд. Дар муддати як соли фаъолияташ ин соҳаро хеле пешрав намуд. Ӯ дар Театр студияи балетро кушод ва ба шогирдон дарс гузашт. Саҳми ӯро метавон, инчунин, дар ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба Театри опера ва балети шаҳри Перми кишвари Россия ба номи Евгений Панфилов ва бевосита ҳамкории эҷодиаш бо роҳбари бадеии он Сергей Райник ёдовар шуд. Ӯ асари «Қалби тиллоии Шарқ» («Золотое сердце Востока») - ро дар саҳнаи театри тоҷик тамоман ба шакли нав, модерн гузошт.
Боиси шодмонист, ки аз Италия Жерардо Колелларо боз даъват карда истодаанд. Ин ҳунарпешаи маъруф бо маҳорат ва кордонӣ дар ин Театр машҳур аст ва чанд сол пештар фаъолияти чашмрас дошт. Бешак, омадан ва фаъолияташ дар театри тоҷик ба пешрафти бештари он мусоидат карда метавонад. Аз рӯи маълумоти дастрасшуда дар моҳи майи соли равон ба Тоҷикистон меояд ва спектакли «Кармен»-и Ҷорҷ Биззеро бо забони асл ба саҳна мегузорад.
Эътирофи ин театр бо дастовардҳояш сабаб гардид, ки аз миёни театрҳои опера ва балети Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун театри базавӣ эътироф ва пазируфта шавад. Дар ин хусус қарор ҳам бароварданд. Ин барои мо – мутахассисони соҳа боиси ифтихор аст. Албатта, пас аз ин метавон бо боварии комил изҳор дошт, ки имкониятҳои моддиву эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ беҳтару бештар мешаванд ва барои ривоҷу инкишофи мусиқии касбии ҷаҳонӣ дар кишвар ҳиссагузор мегарданд.
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон