Мафҳуми “миллӣ” хос ва вобаста ба як қавму миллати алоҳида буда, қадр ва арзиши мардумеро бо анъана, оинҳои хос ва забону адаби махсус пос медорад. Яъне ҳар куҷое ин мафҳуми арзишманд, истифода шуд, хоҳ-нохоҳ ба номи миллат рабт мегирад на чизи дигар. Аз ин нуқтаи назар саҳланкорӣ дар истифодаи мафҳуми “миллӣ” амалест, ки ҳатман бояд подоши муносиб дошта бошад.
Гап сари номгузории баъзе аз нуқтаву марказҳои савдо меравад, ки бахусус дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди бештар доранд. Мушаххасан ифодаҳои “Ошхонаи миллӣ”, “Қурутобхонаи миллӣ”, “Нони миллӣ”, “Шашлики миллӣ” ва амсоли инҳо, ки сари ҳар қадам вомехӯранд. Бароям ғайри қобили қабул ин аст, ки чунин марказҳои савдо, ки ғолибан бо номи “тезтайёр” маъмуланд, ба ҳеҷ ваҷд кафолати омодасозии хӯрокҳои миллиро намедиҳанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо, махсусан бозорҳо, шоҳиди он мегардем, ки зери чунин гӯшаҳо хӯрокҳои зудпаз, ки ягон хусусияти миллии моро доро нестанд, дар фурӯшанд. Худ қазоват кунед, ки хӯрданиҳое мисли хот-дог, бургер, шаурма, пирашки, чебурек ва ғайра магар метавонанд дар рӯйхати хӯрокҳои миллии мо бошанд?
Абдуфатттоҳ Аминов, номзади илмҳои филология, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод: “Ҳар чизе, ки пасванд ё унвони миллиро соҳиб мешавад, ифодагари он аст, ки мақоми он ҳамчун бренди давлат муаррифӣ шуда, чунин номгузорӣ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Дар ҳолати ифодаи “миллӣ” гирифтани муассиса мебояд, ки ҳадди ақал навад дарсад ифодагари фарҳанги миллат бошад".
Доир ба он, ки чаро соҳибкорон пеш аз кушодани муассиса ё корхонаи худ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва ҳамкорӣ намекунанд, сардори шуъбаи ташкили ҳуқуқии ин муассиса Эраҷ Сафаров чунин гуфт:
– Ҳар як субъекти хоҷагидор ҳангоми кушодани ташкилот ё корхонаи худ, пеш аз ҳама, муваззаф аст, ки бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамкорӣ кунад. Мутаассифона, соҳибкор пас аз таҳияи пурраи ҳуҷҷатҳои лозима баъдан ба мо (он ҳам на ҳама вақт) муроҷиат мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо номи гузоштаи соҳибкор ғалат, бемавқеъ ва ба феҳристи қабулшуда ҷавобгӯ намебошад. Дар ин ҳолат кормандони Кумита дар вазъияти ногувор мемонанд, чун соҳибкор, аллакай, дорои тамоми шаҳодатномаҳои зарурӣ аст ва барои иваз кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳо вақту маблағи дувумкарата сарф мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷаримаи соҳибкорону субъектҳои ҳуқуқӣ, ки исми муассисаашон бемавқеъ аст, дар салоҳияти Кумитаи забон ва истилоҳот нест. Кумита танҳо эрод гирифта, ба онҳо муҳлат барои ислоҳшавӣ дода метавонад.
Аз маркази матбуоти Кумитаи андоз иттилоъ доданд, ки дар вақти ҳуҷҷатгузории субъектҳои хоҷагидор номи гузоштаи корхона ва соҳибкор мутобиқ ба меъёри забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
“Агар номи интихобнамудаи соҳибкор ба меъёри забони давлатӣ мувофиқ бошад, мисли “ошхона ва қурутобхонаи миллӣ”, ки ҳар ду калимаи тоҷикист, аз ҷониби Кумитаи андоз иҷозат дода мешавад ва зарурати муроҷиат ба Кумитаи забон ва истилоҳот нест. Танҳо дар ҳолати ғайритоҷикӣ будани номи муассиса ё корхона Кумитаи андоз вазифадор аст, ки бо Кумитаи забон ва истилоҳот машварат орояд. Дар бисёр мавридҳо гӯшаю овезаҳои муассисаю корхонаҳо аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ номи аслии он набуда, балки як навъи муаррифӣ ва таблиғи маҳсулот мебошад. Илова бар ин, ҳамроҳ кардани калимаи “миллӣ” баръакс хуб аст, чун ба хориҷиён ва сайёҳон ошхона ё тарабхона ҷолиб мегардад” – иброз дошт масъули Кумита.
Барои ҳар яки мо муассисаҳои бузурге, ба мисли Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Донишгоҳи миллӣ, Бонки миллӣ, Нашрияи миллӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва дигарҳо ошност. Ин ҳама ниҳодҳо барои рушду ташаккули миллати тоҷик дар хидматанд, вале то ҳол “Ошхонаи миллӣ” ба талабот ҷавобгӯ ва иҷрокунандаи рисолати аслии хеш нест. Агар соҳибкор хоҳиши ба фурӯш гузоштани хӯрокҳои зудпаз ва таомҳои миллати ғайрро дошта бошад, пас мебояд аз исм ё сифатҳои дилхоҳ истифода бараду аз ифодаи “миллӣ” даст кашад, то беэҳтиромӣ ва беэътиборӣ ба забони давлатӣ нашавад.
Мебояд бо калимаҳои “миллӣ” ва “миллат” эҳтиёткор бошем ва онро бемавқеъ истифода набарем. Истифодабарандагони забонро ҳам мебоист ҳушёр бошанд ва ифодаҳои “миллӣ” ва “миллат”-ро ба ҳар калимаю ибораҳои муносиб ва ё номуносиб начаспонанд. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба рукнҳои давлату миллат қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Танҳо барои ҷалби муштариёни бештар дағалона вайрон кардани меъёри забони давлатӣ ношоиста нест!?
Агар соҳибкор ё шахсони алоҳида даромад ва муаррифӣ мехоҳанд, дар пештоқи тарабхона ё нуқтаи фурӯш ва савдои худ танҳо вожаҳои “Ошхона”, “Нон”, “Кабоб”, “Шириниҳо” нависанд, кофист.
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”