Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии ин соҳаи ҳаётан муҳим, дар баробари роҳнамоӣ ва дастуру пешниҳодҳои муфид, кормандони ин ниҳодро махсус дастгириву ғамхорӣ менамоянд.
Ин ҳама мо – кормандони соҳаро вазифадор месозад, ки тибби тоҷикро бо дастовардҳои ҳаётан муҳим ҷавобгӯи талаботи давр гардонем. Дастовардҳои мо, махсусан дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, гувоҳи фаъолияти самарабахши кормандон аст.
Яке аз дастовардҳои соҳа ин ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат мебошад, ки дар давраи сипаригардида, яъне шаш моҳи аввали соли равон, дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла гузоштани адасаи дохилии чашм, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук, буриши метаболикии меъда, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапароскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳонӣ, гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ, тоза намудани гранулятсияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузарондани ҷарроҳии трахеопластика ва гузоштани клапани эндоброхиалӣ амалӣ карда шуданд.
Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, ба 124 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронда шудааст, аз ҷумла ба 88 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”, ба 6 нафар дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 30 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар анҷом дода шуд.
Яке аз масъалаҳои асосии соҳа ин таъмини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони касбист ва айни ҳол 87,9% воҳиди кории табибон ва 97,6% кормандони миёнаи тиббӣ банд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 3,8 ва 2,1% зиёд мебошад. Инчунин, дар ин муддат 211 нафар хатмкардаи гурӯҳҳои шартномавӣ бо кор таъмин гардид, ки аз инҳо 20 нафарашон хатмкардагони донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ мебошанд. Аз 2444 хатмкардаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ба ҷои кор равоншуда, 1529 нафар ба ҷои кор ҳозир шуд, ки ин 62,6%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди донишҷӯёни соли таҳсили 2022 - 2023-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20098 ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 61621 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2441 нафар ва 1294 нафар зиёд мебошад. Теъдоди хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ 2349 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 326 нафар зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 3376 нафар корманди миёнаи тиббӣ ва 987 табиб ба аттестатсия фаро гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 111,4 ва 58,3% зиёд аст. Моҳи апрели соли ҷорӣ 257 омӯзгори коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронда шуд.
Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмуъ, 1936 нафар шунаванда (915 нафар табиб ва 1021 нафар корманди миёнаи тиббӣ) ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмуъ, 7433 нафар корманди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 961 нафар зиёд мебошад. Дар хориҷи кишвар бошад, 146 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуд, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 88 нафар зиёд мебошад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 57 корхонаи ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 560 намуд ва 320 номгӯи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона, 40 намуд, ки нисбатан 12 номгӯй доруворӣ ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсолшуда, зиёда аз 40 миллионро ташкил дод.
Мавриди зикр аст, ки баҳри ҳифзи саломатии модарону кӯдакон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 038 кат вуҷуд дорад, ки аз онҳо 6 579 барои модарон ва 9 459 кат барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, пешгирӣ ва коҳиш додани ҳодисаҳои фавт аз ҷониби кормандони раёсати масъул дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар самти таҳия ва боздиди протоколҳои клиникӣ дар якҷоягӣ бо мушовирони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи акушерӣ ва педиатрия дар моҳҳои феврал ва марти соли равон ҷаласаҳои корӣ доир гардиданд. Дар ин радиф, дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ мутахассисони маҳаллӣ масъалаҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ, иллатҳои гипертензивӣ, диабети гестатсионӣ, бемориҳои дарунравӣ ва илтиҳоби шуш мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи хизматрасонӣ ба модар ва кӯдак оид ба «Нигоҳубини самараноки перинаталӣ» дар асоси созишномаи сетарафа байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва марказҳои ҳамкорикунандаи СҶТ «Маркази миллии тиббӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии ба номи академик В.И.Кулаков» ва «Маркази миллии тиббӣ-тадқиқотии саломатии кӯдакон»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия аз моҳи феврал то охири моҳи майи соли равон бо иштироки мушовирони байналмилалӣ дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Тоҷикистон, таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд, беморхонаҳои марказии шаҳрии шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Турсунзода ва Ваҳдат даврҳои омӯзишӣ бо фарогири зиёда аз 250 нафар табиби акушер-гинеколог, неонатолог, момодоя ва ҳамшираҳои тиббии навзодон гузаронда шуданд.
Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 48 539 кӯдак амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронда шуд.
Бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ваксинаҳои сифатнок, дар ин давра барои иммунизатсияи кӯдакон ба ҷумҳурӣ 2,43 миллион воя ваксинаи дахлдор ва маводи иммунизатсионӣ, ба мисоли сӯзандоруҳои қутрашон гуногун 2,43 млн. дона, инчунин, 45000 дона қуттиҳои маҳви бехатар ворид шудаанд.
Дар асоси Тақвими миллии иммунизатсия навзодон, кӯдакони синну соли то 16-сола мутобиқ ба муҳлатҳои муайяншуда бар зидди бемориҳои сил, фалаҷ, гепатити В, гулузиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилияи шакли В, ротавирусӣ, пневмоккокӣ, сурхча, баногӯшак ва гулафшон бо ваксинатсия фаро гирифта шуда, иҷрои он аз 38,8 то 99,2 дарсадро ташкил медиҳад. Иловатан, дар байни наврасони синнашон 16-сола иммунизатсия бо ваксинаи АДС-м оғоз гардида, аллакай, фарогирии онҳо то 30,0 фоиз расонда шуд.
Дар баробари ин, чорабиниҳои минтақавии фарогирии кӯдакон бо ваксинатсия бар зидди бемории сурхча дар 7 шаҳру ноҳия (Душанбе, Нуробод, Рашт, Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ) бо нишондиҳандаҳои баланди фарогирӣ анҷом дода шуданд.
Айни ҳол дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 226 муассиса мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4008 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ 2491 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ бошад, 127 ададро ташкил дода, ба 18929 нафар, аз ҷумла 6413 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд, 2883 нафар пиронсол, 9633 нафар маъюб хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардидаанд. Шумораи оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин гардидааст, 216807 оила буда, маблағи ба онҳо пардохтшуда 47,61 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз шаклҳои нисбатан самараноки хизматрасонӣ ин пешниҳод намудани хизмати иҷтимоӣ бевосита дар макони зисти эҳтиёҷмандон мебошад. Ҷиҳати пешниҳоди ин шакли хизматрасонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳоло 43 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки дар ин давра 816 нафар корманд ба 5320 нафар, ки аз инҳо 4390 нафар пиронсолу маъюб ва 930 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд, хизматҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, машваратӣ ва роҳбаладӣ расонданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дорад, ки ҷамъ 230 нафар корманди маъмурию иҷтимоии ин муассиса ба 976 пиронсолу маъюб ва 59 кӯдаки имконияташ маҳдуд хизматрасонӣ намуд. Ҳоло дар марказҳои минтақавӣ 50 нафар эҳтиёҷманд муваққатан умр ба сар мебарад.
Барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва камхарҷ гардондани хизматрасониҳои иҷтимоӣ тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 59 маркази хизматрасонӣ фаъолият дорад, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамин тавр, кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дарки масъулияти баланди касбӣ минбаъд низ, кӯшиш менамоянд, ки рисолати бар дӯшдоштаашонро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои ниҳоии барномаҳои миллӣ нақши созгор дошта бошанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба иди касбӣ табрик намуда, саодатмандӣ ва фаъолияти пурсамарашонро таманно мекунам.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ