Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон 54,2 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он 8,3 дарсадро ташкил дод. Дар ин давра рушд, асосан, аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши бор, савдо, мусофирон, кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ таъмин гардид.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 3415 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,1 миллион доллар кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ ба маблағи 678,6 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот ва бо харҷи 2736,4 миллион доллар молу маҳсулот ворид гашт.
– Бо назардошти иҷрои маҷмуи нақшаи даромади буҷети давлатӣ, нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ низ, 108,7 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 9,2 миллиард сомонӣ ворид гардид, – гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ - июни соли равон дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ шуда, ба соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ беш аз 18,6 миллиард сомонӣ равона гашт. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 913 миллион сомонӣ, маориф 3,1 миллиард, тандурустӣ 1,4 миллиард, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,1 миллиард, хоҷагии манзилию коммуналӣ 964,3 миллион, фарҳанг ва варзиш 585,9 миллион, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,1 миллиард, кишоварзӣ 883,3 миллион, сохтмон ва саноат 128,8 миллион, нақлиёт ва коммуникатсия 1,7 миллиард сомонӣ.
Кароматулло АТО
ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 нақшаи даромадҳои буҷет 126 фоиз иҷро гардид.
Ба ҷои 10,08 миллион сомонии пешбинишуда, ба хазина 12,7 миллион сомонӣ ворид гашт. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 17,6 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид шуданд. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 дарсадро ташкил дод.
Раиси ноҳия дар нишаст тазаккур дод, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 бинои иҷтимоию иқтисодӣ ва 76 иншооти иловагӣ бунёд ва азнавсозӣ мешаванд. Аллакай 62 иншоот ба истифода дода шуд.
Холназар КАСИРОВ
МУЪМИНОБОД
Рушди сайёҳӣ самти афзалиятнок аст
Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 моро вазифадор менамояд, ки ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ диққати бештарро равон намоем, зеро мақсади аслии сиёсати дохилии кишвар таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 мардуми шарафманди ноҳия аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, нақшаи даромади буҷети маҳаллиро 101 дарсад таъмин намуданд.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти ёрии молиявӣ (субвенсия) 100 дарсад таъмин шуда, соҳаҳои буҷетӣ 36 миллиону 989 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтанд. То имрӯз дар ноҳия 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеи сайёҳӣ, 4 лавҳаи ахбордиҳӣ, маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 маркази хизматрасонии бонкӣ ва бонкоматҳо, 5 меҳмонхона, 2 ширкати сайёҳӣ дар хизмати сайёҳҳон қарор дорад. Дар шаш моҳ аз ноҳия 52 ҳазору 127 сайёҳ дидан кард, ки 958 нафарро сайёҳҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Холназар КАСИРОВ
БАЛҶУВОН
Роҳандозии тадбирҳои нав дар самти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ноҳия 689 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 454 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 143 нафар тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 92 тоҷир бо шаҳодатномаи одӣ фаъолият менамоянд. Зикр гашт, ки дар ин давра 44 субъекти фаъол зиёд шуд.
Дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,3 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад. Маблағи азхудшуда 615,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2021-2025, дар маҷмуъ, 129 лоиҳаро ба маблағи 333,3 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 июли соли 2023 ҳамагӣ 51 лоиҳа ба маблағи 88.4 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.
Бахтиёр Сафарзода ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 70,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 2,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Холназар КАСИРОВ