18 август дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» баргузор гардид.
Ибтидо, Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сухан ронда, аз дастгириву ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ ва ҳифзи арзишҳои мардумӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмун ҳифзи фарҳанг ва мероси моддию маънавӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, дарёфти ҷеҳраҳои нави санъат ва тарбияи насли наврас дар руҳияи миллию ватандорӣ мебошад.
Сипас, баҳри болидахотирӣ ва истироҳати меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии гулчини фестивал пешниҳод гардид, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.
Дар ҷамъбасти «Андалеб-2023» ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, ноҳияҳои Файзободу Муъминобод соҳиби ҷойи дуюм ва шаҳри Панҷакенту ноҳияи Мастчоҳ лоиқи ҷойи сеюм гардиданд.
Барои ҷойҳои аввал 20 000, дуюм 15 000, сеюм 10 000 сомонӣ ва барои иштирокдорони фаъол ба маблағи 5 000 сомонӣ мукофоти пулӣ ва дипломҳои ифтихорӣ тақдим гаштанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»