Дар толори маркази "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони 20 корхонаи истеҳсолӣ, мутахассисони шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак, шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ дар мавзуи “Санҷиш ва андозагирӣ, ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбати он барои корхонаҳои истеҳсолӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Сардори марказ Ғайбулло Муҳиддинов дар иртибот ба доиршавии ҳамоиши мазкур зикр дошт, ки бо назардошти нақши калидии рушди саноат дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани соҳаи мазкур чунин вохӯриҳо бо мутахассисон-истеҳсолкунандагон талаботи давр мебошад. Президенти мамлакат дар ироаи Паёми навбатӣ таъкид доштанд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бояд зиёда аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёбад, даромади пулии аҳолӣ ду маротиба афзояд ва сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад. Аз ин хотир, баҳри амалӣ сохтани нақшаҳои тасдиқшуда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот нақши андозагирӣ дар истеҳсолот хеле муҳим шумурда мешавад.
Баргузории семинари мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи масъулини корхонаҳои истеҳсолӣ ва мутахассисони соҳаи метрология хеле муҳим буда, ба такмили ихтисоси онҳо мусоидат мекунад.
Дар асоси барномаи семинар роҳбари лоиҳаи РТВ “Пурзӯр намудани инфрасохтори сифат дар давлатҳои Осиёи Марказӣ” Крис-тофер Коллел, коршиноси сатҳи байналмилалӣ доктор Клеменс Санетра, намояндаи Агентӣ Толиб Шокирҷонов ва директори маркази менеҷменти сифат Равшан Қобилов вобаста ба муҳим будани андозагирӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва аҳамияти он барои истеҳсолот андешаҳои худро баён карданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”