«Энсиклопедияи Фархор», нашри 2, сармуҳаррир, мураттиб ва таҳияи Аскар Абдусамадов, Душанбе: Офсет, 2022. – 624 с.
Бандубасти қомус аз нимаи дувуми соли 2010 оғоз гардид. Вобаста ба таҳияи нашри якуми энсиклопедия қарори раиси вақти ноҳияи Фархор Қурбон Ҳакимзода ба тасвиб расид. Ҳайати таҳририя ва корӣ муайян шуда, ашхоси масъул ба таҳияву мураттабсозии он кӯшиданд. Албатта, таҳияи чунин китоб кори як кас нест, барои таҳияву гирдоварӣ заҳмати дастаҷамъӣ мебояд. Мусаллам аст, ки ин кор бе шахси масъул ва ташаббускор пеш нахоҳад рафт. Ин бори гарон бар дӯши журналисти пуртаҷриба, собиқадори матбуоти тоҷик Аскар Абдусамадов афтид.
Маҳсули ҷустуҷӯву такопӯҳо ва заҳмати ҳайати корӣ бор овард. Як сол пас аз он китоби нозанине бо унвони «Энсиклопедияи Фархор» (Душанбе, «Ирфон», 2011, 540 саҳ. 33,75 ҷузъи чопӣ) бо теъдоди 2500 нусха ба нашр расида, қалби сокинон, ҳаводорон ва масъулонро хушнуд гардонд.
Бо гузашти 10 сол дар доираи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳияи Фархор ва боз ҳам бо заҳмати зиёду часпу талошҳои Аскар Абдусамадов нашри дувуми қомус бо такмил ва таҷдиди назар рӯи чоп омад. «Энсиклопедияи Фархор» ин дафъа соли 2022 бо теъдоди 1000 нусха (Душанбе, «Офсет», 624 саҳифа, 39 ҷузъи чопӣ) нашр гардид.
Ба табъ расондани нашри дувуму такмилшудаи қомус маълумоти муфассалеро бобати мавзеъҳои таърихӣ, корномаҳои чеҳраҳои маъруф ва дастовардҳои чашмраси мардуми заҳматпешаи ноҳия манзури муштариён гардида, он барои алоқамандон ва ҷаҳонгардони ин диёри таърихӣ хоҳад шуд. Баробар бо сокинони ноҳия аҳли илму фарҳанги кишвар аз чопи чунин китоби зарурӣ хушҳол гардиданд.
А. Абдусамадов дар рафти таҷдиди назар услуби нигориши қомуснигории «Энсиклопедияи совети тоҷик» (8 ҷилд), «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (1-8), «Энсиклопедияи Душанбе», «Кӯлоб. Энсиклопедия», «Данғара», «Қомусномаи Айн», «Ванҷ», китобҳои «Исфара», «Ашт», «Конибодом», «Хуҷанд» ва ғайраро дастури омӯзиш ва истифода қарор додааст.
Ӯ, ҳамчунин, маслиҳатҳои ходимони давлатӣ – зодагони ноҳия, ашхоси шинохта ва дигар нафарони огаҳро ба зевари табъ кашидааст. Дар ин росто, Аскар Абдусамадов бо мақсади ошно сохтани таърихи беш аз 5000-солаи Фархор як миқдор мақолаҳои илмии олимони бостоншиноси ватаниро, ки ҳақиқати таърихиро аз ҳафриёти анҷомдодаашон ба исбот расондаанд, аз нав интишор намуд. Қисме аз мақолоти илмӣ беш аз 40-50 сол дар маҷмуаҳои илмӣ, китобҳои мухталиф ва рӯзномаҳои даврӣ нашр шудаанд, ки на ба ҳама дастрас буданд.
«Энсиклопедияи Фархор» барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Зикр бояд намуд, ки қомуси мазкур таҳти назари роҳбари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ омода гардидааст.
Умар АЛӢ